Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду моҷаро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон. Бишкек шарҳ дод, Душанбе хомӯш аст. ВИДЕО


Ин об деҳаи Сомониёни Тоҷикистонро аз Куктоши Қирғизистон ҷудо мекунад
Ин об деҳаи Сомониёни Тоҷикистонро аз Куктоши Қирғизистон ҷудо мекунад

Дар ду рӯзи охир дар бораи ду моҷарои ҷудогона, вале вобаста ба хонандагони мактаб дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон расонаӣ шуд. Мақомоти Қирғизистон изҳорот доданд, вале ҷониби Тоҷикистон хомӯш аст.

  • Рӯзи 23-юми сентябр мақомоти Исфара гуфтанд, чанд шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакон ҳадафи сангзанӣ ва латукӯби сокинони деҳаи Куктоши Қирғизистон қарор гирифтанд.
  • Рӯзи 24-уми сентябр Хадамоти марзбонии Қирғизистон изҳорот дод, ки гуё тарафи Тоҷикистон ду мактаббачаи қирғизро аз ноҳияи Лайлак дастгир карда, баъди музокирот озод намудааст.

Сокинони деҳаи Сомониёни Исфара дар сар задани моҷарои аввал тарафи Қирғизистонро гунаҳкор мекунанд, аммо мақомоти Қирғизистон ҳодисаро ба таври дигар шарҳ дода, тоҷиконро айбдор мешуморанд.

Раиси маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, Содиқ Набиев, мегӯяд, мактаббачагони тоҷик ҳангоми бозгашт аз дарс ногаҳон ҳадафи ҳамла қарор гирифта, маҷруҳ шудаанд. "Ин сабаб гашт, ки аҳолии маҳаллӣ ба кӯча барояд ва аз хурдсолон пуштибонӣ кунад. Дар натиҷа, занозанӣ ба амал омад ва чаҳор сокини маҳаллаи мо захмӣ шуданд", -- нақл кард ӯ рӯзи 24-уми сентябр.

Набиев афзуд, "мақсади ҳамлаварон ин аст, ки сокинони Сомониёни боло ҷойи зисташонро тарк кунанд ва онҳо ба саргаҳи об соҳиб шуда, баъд ба мо фурӯшанд.”

Тарафи Қирғизистон сабаби сангзаниро нагуфта, вале хабар дод, ки дар ҳодисаи 23-юми сентябр чаҳор хонандаи қирғиз ҳам захмӣ шудаанд.

Ҷанҷолу латукӯб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Ҷӯрабой Насриддинов, сокини маҳаллаи Сомониён, ҳоло дар шифохонаи ҷамоати Чоркӯҳ бистарӣ аст. Вай гуфт, садои ғавғоро шунида, ба ҷойи ҳодиса рафт ва дафъатан ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки дар ин ҳамла бинии ӯ шикаста, сари писари хурдсолаш, Эҳсонҷон, зарб хӯрдааст.

Зоҳиран вазъ дар марз ором аст. Мақомоти ду тараф ин ҳодисаро баррасӣ кардаанд, аммо тавре ба назар мерасад, ҳар яке аз тарафҳо худро бегуноҳ мешуморад. Раиси маҳаллаи Сомониён, Содиқ Набиев, гуфт, ҳарчанд вазъият дар маҳаллаи Куктошу Сомониён ором аст, бовар надорад, ки “комилан ором мемонад”.

Деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар баҳори имсол яке аз маконҳои низоъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон буд. Дар он ҳодиса хонаи чандин сокини деҳа сӯхтаву вайрон шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, як моҷарои дигар дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон рух додааст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 24-уми сентябр гуфт, афроди ношинос ду мактаббачаи қирғизро “дар минтақаи номуайяни марзӣ” боздошт карда, танҳо пас аз музокирот раҳо намудаанд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора иттилое надодааст.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими об, муноқиша сар мезанад.

Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.

XS
SM
MD
LG