Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туробӣ гуфт, "Толибон" аз буридани даст ва ҳукми қатл даст намекашад


Мулло Нуриддин Туробӣ
Мулло Нуриддин Туробӣ

Мулло Нуриддин Туробӣ, яке аз поягузорон ва вазири адлияи ҳукумати гузаштаи "Толибон", дар суҳбат бо хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, ки гуруҳ аз ҷазоҳое ба монанди буридани даст ва ҳукми қатл ё эъдом даст намекашад.

Намояндагони "Толибон" дар даври гузаштаи ҳокимияташон дар Афғонистон (аз 1996 то 2001) дар ҳузури ҳазорон нафар, асосан дар майдонҳо, гунаҳкоронро эъдом мекарданд. Аммо Туробӣ гуфтааст, мумкин аст, ин дафъа муҷримон дар ҳузури мардум муҷозот нашаванд.

Ин намояндаи "Толибон" гуфтааст, нигарониҳои кишварҳои хориҷиро аз иҷрои ҳукми қатл намепазиранд ва ҳушдор додааст, ки ҷаҳон бояд ба умури дохилии ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон дахолат накунад.

"Ҳеч кас ҳақ надорад, ба мо бигӯяд, ки қонунҳои мо чӣ гуна бояд бошанд. Мо қонунҳои худро бо пайравӣ ба Ислом ва Қуръон таҳия мекунем", - гуфтааст Мулло Нуриддин Туробӣ.

Аз замони ғасби ҳукумат дар Кобул дар 15-уми августи имсол ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалкарди "Толибон" назорат мекунад, ки оё қонунҳои золимонаи худро ба мисли солҳои 90-ум бақарор мекунад ё хайр.

XS
SM
MD
LG