Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тоҷик дар нишасти Ню-Йорк хост, пеши "зулму шиканҷа дар Панҷшер"-ро бигиранд. АКС


Нерӯҳои "Толибон" дар Бозораки Панҷшер, 15-уми сентябри 2021
Нерӯҳои "Толибон" дар Бозораки Панҷшер, 15-уми сентябри 2021

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз созмону кишварҳои таъсиргузор хостааст, ҳарчи зуд пеши роҳи, ба гуфтаи ӯ, "зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмӣ"-ро дар Панҷшер, минтақаи тоҷикнишини Афғонистон, бигиранд.

Сироҷиддин Муҳриддин 21-уми сентябр дар нишасте дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк гуфт: "Толибон" дар он ҷо на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, балки ба зулму шиканҷаи мардум машғуланд."

Сироҷиддини Муҳриддин
Сироҷиддини Муҳриддин

Гуруҳи "Толибон" баъд аз тақрибан се ҳафтаи ишғоли Кобул гуфт, ки вилояти Панҷшерро ҳам зери назорат даровардааст.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао дорад, Панҷшер пурра вожгун нашудааст ва мубориза байни размандагони онҳо ва нерӯҳои "Толибон" ҳанӯз идома дорад.

Дар ҳафтаҳои охир нигарониҳо аз бад шудани вазъ дар вилояти Панҷшери Афғонистон афзудааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми сентябри имсол дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар Душанбе гуфт, Панҷшер дар муҳосира аст ва "Толибон" дастрасии ёриҳои башардӯстонаро ба онҷо қатъ кардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 21-уми сентябр дар Ню-Йорк аз кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки "ба кушодани роҳҳо ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва минтақаҳои дигари Афғонистон" мусоидат кунанд.

Гуруҳи "Толибон" ҳамагуна фишорро болои мардуми Панҷшер рад мекунанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши чанде аз блогерони афғон аз дараи Панҷшер, дари бозорҳо дар онҷо баста ва сокинон аз набудани хӯроку дору, гаронӣ ва бекориву беназмӣ нигаронанд.

Нашрияи бритониёии Guardian дар оғози моҳи сентябр аз эҳтимоли фоҷиаи башарӣ дар дараи Панҷшер ҳушдор дода, навишт, ба иллати идомаи муҳосира аҳолии он ба камбуди хӯрок ва дору рӯбарӯ шудаанд.

Маҳбуба Ровӣ, раҳбари созмони хайрияи австралиягии "Ваъдаи Маҳбуба" ба нашрия гуфтааст, ҳазорон нафар дар тарсу бим ва номуайянӣ ба сар мебаранд. "Одамон дар дохили водӣ дармондаанд, на ғизо доранд, на барқ, на алоқа. Ин як буҳрони башарӣ аст ва хатари наслкушӣ вуҷуд дорад," - гуфтааст Ровӣ.

XS
SM
MD
LG