Раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон аз сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой хостааст, ки аз мавқеи Душанбе дар қазияи Афғонистон пуштибонӣ кунанд.
Акбаршоҳ Искандаров рӯзи 16-уми сентябр дар номае ба онҳо гуфтааст, "баъзеҳо муътақиданд, ки "Толибон" дигар шудаанд. Имкон надорад, ки зеҳн ва мафкураи як гурӯҳи террористие, ки тайи даҳсолаҳо шакл гирифтааст ва пешаи он фақат куштор ва даҳшатафканӣ мебошад, якбора дигар шавад."
Гуруҳи "Толибон" пас аз бист соли сарнагунии ҳокимияташ моҳи август дигарбора назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт. То кунун ҳеч кишвар ҳукумати "Толибон"-ро, ки "аморати исломӣ" меномад, эътироф накардааст, аммо баъзе аз давлатҳо аз ташкили ҳукумати муваққат дар Афғонистон истиқбол карданд.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, рӯзи 16-уми сентябр дар нишасти Душанбе барои ҳарчи зуд ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ба зарурати гуфтугӯ бо намояндагони ҳукумати нав дар ин кишвар таъкид кард.
Акбаршоҳ Искандаров мегӯяд, "агар имрӯз наззорагари шикастан ва ба хун нишастани муқовимати мардуми Афғонистон бошем, мутмаин бошед, фардо ин вабо, яъне таҳдиди истибдоди мазҳабӣ ва қавмӣ ба минтақаи мову Шумо ҳам густариш ёфта, домани моро ҳам хоҳад гирифт."
"Мутмаин бошед, ки дер ё зуд ба пайкори сирф террористии ин созмон қоил хоҳед шуд. Музокира кардан бо онҳо ин хати батлон кашидан ба шараф ва ҳайсияти инсонӣ аст. Хоҳиш мекунем, нагузоред, ки ин хатари эҳтимолӣ ба хавфи воқеӣ табдил ёбад", -- афзуд ӯ.
Ҷаласаи якҷояи сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ки яке зери нуфузи Русия ва дувумӣ зери чатри Чин аст, рӯзи 17-уми сентябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Яке аз мавзуъҳои асосии он қазияи Афғонистон аст.