Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Бародар дар видео захмӣ шуданашро рад кард


Дар видео гуфта шуд, ки Абдулғанӣ Бародар дар Қандаҳор суҳбат мекард
Дар видео гуфта шуд, ки Абдулғанӣ Бародар дар Қандаҳор суҳбат мекард

Иҷрокунандаи вазифаи муовини нахуствазири "Толибон", Абдулғанӣ Бародар, дар як навори видеоӣ пайдо шуд ва овозаҳоро дар бораи кушта ё захмӣ шуданаш дар кадом моҷарое рад кард.

Ӯ дар суҳбат бо телевизиони миллии Афғонистон, ки рӯзи 15-уми сентябр дар Твиттер нашр шуд, гуфт: “Ин ҳақиқат надорад, ман хуб ва саломат ҳастам”.

Дар навори мухтасари видеоӣ Бародар овозаҳоро дар бораи ин ки сари ташкили ҳукумати нав дар Кобул бо гурӯҳҳои шӯришии дигар ихтилофе бархоста, боис ба хушунат шудааст, рад кард. Ӯ гуфт, "матбуот дар бораи вуҷуди ихтилофҳои дохилӣ навиштааст, вале ин ҳақиқат надорад."

Изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки чанд рӯз пеш овозаҳое паҳн шуд, ки дар натиҷаи як даъво барои тақсими вазифаҳо миёни ҷонибдорони Мулло Бародар ва шабакаи Ҳаққонӣ тирандозӣ рух дода, гуё ӯ захмӣ ё кушта шудааст.

Рӯзи 15-уми сентябр Анас Ҳаққонӣ, бародари хурдии иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии “Толибон” Сироҷиддин Ҳаққонӣ бо нашри изҳороте вуҷуди ихтилофҳоро дар миёни ин ду гурӯҳ рад кард.

XS
SM
MD
LG