Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳафтгона" тасмим мегирад, ки бо Афғонистони зери итоати "Толибон" чӣ кор кунад


Акс аз нишасти пешинаи раҳбарони "Ҳафтгона"
Акс аз нишасти пешинаи раҳбарони "Ҳафтгона"

Раҳбарони ҳафт иқтисоди пешрафтаи ҷаҳон (G7) дар нишасти фаврии онлайн масъалаи ёрӣ ба Афғонистон ва ҳамоҳангии сиёсатҳои худро дар баробари ин кишвар, ки аз 15-уми август зери назари “Толибон” аст, баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, дар нишаст эҳтимоли тамдиди берун бурдани мардум аз Афғонистон пас аз 31-уми август низ баҳс шавад.

Ҳоло Амрико ва муттаҳидонаш дар амалиёти сареъ (зуд) ва гоҳе бебандубор талош доранд, шаҳрвандони худ ва афғонҳоеро, ки ҳаёташон зери хатар аст, берун баранд. Як дипломати НАТО ба “Ройтерз” гуфтааст, дар даҳ рӯзи гузашта 58 ҳазору 700 нафарро аз Афғонистон ба берун бурданд.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, талошҳо барои то 31-уми август анҷом додани амалиёти берун бурдани мардум идома дорад ва ин шитобзадагӣ ва нигаронии мардум боис ба бебандубориву хушунат ҳам мешавад.

Бритониё, Фаронса ва Олмон бо ин ки эътироф мекунанд, тамдиди мӯҳлати берун бурдани нирӯҳову мардум баъд аз 31-уми август шояд имконнопазир бошад, талош доранд, зарбулаҷал дароз карда шавад.

Низомиёни Амрико дар тамос бо “Толибон” ҳастанд ва ин гурӯҳи ҷангҷӯ гуфтааст, дархости расмие дар ин замина нагирифт ва чунин иҷозате ҳам дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи бонуфузи The Washington Post 24-уми август хабар дод, ки рӯзи гузашта раиси Оҷонси марказии истихбороти ИМА, Уиллиам Бурнс, дар Кобул бо раҳбари дафтари сиёсии Толибон (дар Қатар) Абдулғанӣ Бародар мулоқот кард. Агар хабар тасдиқ шавад, пас, ин мулоқоти намояндаи баландпояи дипломатии Амрико аз замони сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон мешавад.

Мақомоти амрикоӣ то ҳол ин гузоришро шарҳ надодаанд.

Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳида ният дорад, ки ин масъаларо бо муттафиқонаш баррасӣ кунад.

Дар остонаи нишасти Гурӯҳи Ҳафтгона созмони Human Rights Watch аз ин кишварҳо ва Иттиҳоди Аврупо хост, барои убури амни паноҳҷӯёни афғон ба таври фаврӣ як долони бехатар созмон бидиҳанд. Ин дар ҳолест, ки чанд кишвари аврупоӣ аллакай мухолифати худро бо қабули паноҳандагони афғон баён кардаанд.

Созмони Human Rights Watch навиштааст: “Президенти Кумисюни Аврупо Урсула вон дер Лейен ният дорад, як нақшаи ҷобаҷокунии паноҳҷӯёни афғонро дар саросари ҷаҳон пешниҳод кунад. Фаронса, Бритониё ва Итолиё, ки узви Гурӯҳи Ҳафтгона ҳастанд, бояд аз ин барнома пуштибонӣ кунанд ва барои дигар кишварҳо намунаи ибрат шаванд”.

Қабл аз ҷаласа вон дер Лейен эълон кард, ки мизони кумакҳои башарӣ ба мардуми Афғонистон чаҳор баробар афзуда, ба 200 миллион евро расонида мешавад.

Гурӯҳи Ҳафтгона, инчунин, бояд масъалаи эҳтимоли эътирофи ҳукумати “Толибон” ё рад ва ҷорӣ кардани таҳримҳо ба зидди гурӯҳро баррасӣ намояд.

XS
SM
MD
LG