Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF аз ҳукумати Тоҷикистон хост, Ҳикматулло Сайфуллозодаро афв кунад


Ҳикматулло Сайфуллозода
Ҳикматулло Сайфуллозода

Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки Ҳикматулло Сайфуллозода, рӯзноманигор ва узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро афв кунад.

Бино ба баёнияи созмон, ки рӯзи 9-уми сентябр нашр шуд, "Сайфуллозода аз соли 2015 дар зиндон аст ва ҷонаш дар хатар аст."

Президент Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба сисолагии истиқлоли Тоҷикистон афв эълон кардааст. Он 16 ҳазор кас, аз ҷумла шуморе аз зиндониҳоро фаро мегирад.

Жан Кавелие, масъули бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Хабарнигорони Бидуни Марз, рӯзи 9-уми сентябр гуфт, "ба Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон хатари марг таҳдид мекунад. Вай сирф бо ангезаҳои сиёсӣ дастгир шуда, бояд даҳ соли дигарро дар маҳбас гузаронад. Ҷое, ки қурбонии бадрафторӣ шудааст. Озодии ӯ метавонад, ҳаёташро наҷот диҳад. Гузашта аз ин, барои ҷомеа ва мақомоти Тоҷикистон хатар надорад."

Ҳикматулло Сайфуллозода моҳи апрели имсол, дар пайи бад шудани вазъи саломатиаш, дар беморхонаи маҳбас бистарӣ ва сипас ҷарроҳӣ шуд.

Ӯро дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 дастгир ва баъдан ба шонздаҳ сол зиндон маҳкум карданд.

Мақомоти Тоҷикистон он сол Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъро ба ташкили ошӯб ва ҳизби наҳзати исломиро ба тарҳрезӣ ва сармоягузории он айбдор карданд. Чизе, ки раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо рад намудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода дар гузашта сухангӯи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва масъули нашрияии ҳизбии "Наҷот" буд. 70-сола аст.

XS
SM
MD
LG