Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик: ҳар нафари сеюми аз 18-сола боло бар зидди COVID-19 эм шудааст


Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар Тоҷикистон аз моҳи марти имсол маъракаи эмшавӣ бар зидди коронавирус роҳандозӣ шудааст
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар Тоҷикистон аз моҳи марти имсол маъракаи эмшавӣ бар зидди коронавирус роҳандозӣ шудааст

Мақомоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе нақшаи моякубӣ бар зидди COVID-19 тақрибан 92 фойиз иҷро шудааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то 31-юми август дар саросари кишвар беш аз 34 дарсади сокинони аз 18-сола боло ваксина гирифтаанд. Ба изҳороти вазорат, танҳо дар як ҳафтаи ахир тақрибан 118 ҳазор нафар алайҳи коронавирус ваксин зада шуданд. Ба қавли мақомот аз замони хуруҷи ин беморӣ ба кишвар беш аз 4 миллиону 760 ҳазор воя ваксинаи «Коронавак», AstraZeneka ва Moderna ворид шудааст. Ваксинаи русии “Спутник V” ба миқдори 60 ҳазор воя танҳо дар дармонгоҳои шаҳри Душанбе дастрас будааст.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки дар миёни як бахши ҷомеаи Тоҷикистон ҳамоно бемайлӣ ба эмшавӣ бар зидди коронавирус вуҷуд дорад, ки аз сӯе аз беэътимодӣ ба таъсири мусбати он ва аз сӯи дигар, аз эҳсоси тарс аз паёмадҳои қабули ин воксинаи нав дар илми тиб маншаъ мегирад. Вале таҳқиқоти донишмандони ғарбӣ нишон медиҳад, ки эмшавӣ бар зидди коронавирус хатари олудашавӣ ба онро кам карда, дар сурати сироят ёфтан дар ҳолатҳои хеле кам инсон бо хатари ҳолатҳои сангини беморӣ ваё марг рӯбарӯ мешавад.

XS
SM
MD
LG