Хабаргузории “Рейтерс” бо такя ба чанд манбааш рӯзи 3-юми сентябр навишт, ҳаммуассиси “Толибон” ва раиси сиёсии ин гуруҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар, ки ӯро як шахси нисбатан мӯътадил дар дохили ин гурӯҳи тундрав меноманд, раҳбари ҳукумати нави Афғонистон хоҳад шуд.
Хабаргузорӣ гуфтааст, Мулло Муҳаммад Яъқуб, писари Мулло Умар, бунёдгузор ва раҳбари олии толибҳо, дар ҳукумат мақоми баланд хоҳад гирифт. Инчунин Шермуҳаммад Аббос Станикзай, узви дафтари сиёсии Толибон дар Давҳаи Қатар низ аз мансабдорони баландпояи ҳукумати “Толибон” хоҳад шуд.
Дар бораи раиси ҳукумат шудани Мулло Абдулғанӣ Бародар манбаъҳои дигар, аз ҷумла Радиои "Фардо" бо такя ба хабаргузории “Садои афғон” ҳам хабар додааст. Ин манбаъ инчунин навиштааст, ки Ҳайбатулло Охунзода раҳбари Шӯрои ҳукуматӣ мешавад. Билол Каримӣ, ки ӯро ҳамчун узви Кумитаи фарҳанги "Толибон" муаррифӣ кардаанд, ба “Садои афғон” гуфтааст, ки “ба эҳтимоли зиёд раиси дафтари сиёсии Толибон масъулияти корҳои рӯзмарраи давлатро ба уҳда мегирад”. Радиои "Фардо" менависад, Каримӣ афзудааст, ки “гуфтугӯи раҳбарони Аморати Исломӣ, сарони давлати пешина ва дигар чеҳраҳои бонуфузи Афғонистон поён ёфтааст”.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Франс-Пресс" ба нақл аз сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, ки эълони аъзои нави ҳукуматро ҳадди аққал то рӯзи 4-уми сентябр набояд интизор шуд.
“Толибон”, ки 15 август Кобулро гирифта, баъди 20 соли ҷанг аксар қаламравҳои Афғонистон, ба истиснои вилояти Панҷшерро зери назари худ дароварданд, ҳоло бо як мушкили ҷиддие рӯбарӯянд ва бояд аз ҳолати муқовимат ва ҷанг ба мудирияти ҳукумат ва давлатдорӣ рӯ оварад.
Аксар давлатҳои пештози ҷаҳон мунтазиранд, ки бубинанд рафтори маъмурияти нав чӣ мешавад ва то куҷо “Толибон” ба ваъдаи худ дар бораи эҷоди “як ҳукумати мӯътадилтар назар ба солҳои 1996-2001” вафо хоҳанд кард.
Қонунмандии маъмурияти нави Афғонистон дар чашми донорҳои байналмилалӣ ва сармоягузорон барои иқтисоди ин кишвар, ки дар ҳолати бӯҳронӣ мебошад, хеле муҳим хоҳад буд.
Бародар яке аз ҳаммуссисони "Толибон" дар соли 1994 мебошад, ки бар асоси гузоришҳо, баъди ҳабсаш дар Карочӣ дар соли 2010 ҳашт солро дар як зиндони Покистон пушти сар кардааст. Ӯро дар як амалиёти муштараки ниҳодҳои кашфи ИМА ва Покистон ҳабс карданд. Баъдан бо дархости ИМА озод шуд.
Феврали соли 2020 ӯ бо ИМА созиши калидиеро, ки ҳадафаш хатми ҷанги 20-сола дар Афғонистон буд, имзо кард. Моҳе баъдаш бо президенти собиқи ИМА як сӯҳбати телефонӣ ҳам анҷом дод.
Дар ҳамин ҳол “Толибон” рӯзи 3-юми сентябр гуфтанд, ки Чин бо Афғонистон равобити дипломатӣ барқарор мекунад ва раҳбарони нави Кобул баъди берун рафтани нирӯҳои амрикоиву байналмилалӣ дар заминаи кӯмакҳои иқтисодӣ ба Пекин такя мекунад. Забеҳулло Муҳоҷид рӯзи 2-юми сентябр дар сӯҳбат бо нашрии итолиёии La Repubblica гуфтааст, ки Чин “шарики асосии” ин гурӯҳ дар амри пешгирӣ аз фурӯпошии иқтисод ва бозсохти кишвар мебошад.