Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде дар сарҳади Узбекистон бо Тоҷикистон бо 100 кило маводи мухаддир боздошт шуд


Акс аз Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон
Акс аз Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон

Рӯзи 25-уми август кормандони гузаргоҳи марзии "Сари Осиё-и вилояти Сурхондарёи Узбекистон дар сарҳад бо шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон аз қочоқи қариб 100 кило маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд.

Азиза Зокирова, намояндаи Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон, дар шарҳи ин қазия гуфтааст: "Аз ҷониби гузаргоҳи "Пахтаобод"-и Тоҷикистон ба гузаргоҳи "Сари Осиё" мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz”, таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон ворид шуд, ки дар дохилаш 20 тонна калоба дошт."

Вай дар идома афзудааст, "дар назари аввал ҳама чӣ гуё дуруст ва тибқи қонун буд. Ронанда хабар дод, тавре ки дар санадҳо нишон дода шудааст, ба мошинаш 20 тонна калоба бор кардаанд. Вале ҳангоми тафтиши бордони мошин бо ёрии сагони бӯйгир маълум карда шуд, ки дар қисмати пеши бордон дар зери фарш 93 бастаи полиэтилении рангҳояшон сабзу сурх ва зард пинҳон карда шудааст".

Баъд аз кушодан ва ташхиси бастаҳо муайян карда шуд, ки дар 82 бастаи сабзу сурх 85 килою 505 грамм ҳероин ва дар 11 бастаи зард 11 килою 425 грам ҳашиш ҷо карда шудааст.

"Аз кӯшиши ба қаламрави Узбекистон қочоқ кардани 96 килою 930 грамм маводи нашъаовар пешгирӣ карда шуд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст", - гуфт Азиза Закирова.

Ҷониби Тоҷикистон қазияро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG