Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Зулфиқоров: "Сарнавишти Тоҷикистон ба тақдири Русия вобаста аст" ВИДЕО


Темур Зулфиқоров
Темур Зулфиқоров

Темур Зулфиқоров, нависандаи машҳури русзабони Тоҷикистон, 85-сола шуд. Ҳоло ӯ дар деҳаи Зимчируди ноҳияи Варзоб машғули иншои асарҳои нав аст. Ҳарчанд беш аз панҷоҳ соли умрро дар Маскав гузарондааст, мегӯяд, акнун ба орзуи деринааш – зиндагӣ дар оғӯши кӯҳҳои баланду хомӯш – расид. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба дидани ӯ рафтанд ва аввал пурсиданд, ки маҳалли иқоматашро чӣ гуна интихоб кард?

Рӯҳи тоҷикон ба русҳо наздиктар аст. Вақте тоҷике ба деҳаи руснишин меояд, ҳатто тахтае дуздида намешавад, тоҷик ба ҳама кумак мекунад. Дар деҳаи рус пиразани рус вақте тоҷике меояд, мегӯяд, "худӣ" омад."
Темур Зулфиқоров

Темур Зулфиқоров: "Ҳанӯз Буддо гуфта буд, ки пас аз панҷоҳсолагӣ набояд дар шаҳрҳо зист ва бояд ба решаҳо ва асли худ баргашт. Лев Толстой ҳарчанд пойбанди суннатҳои оилавӣ буд, хоҳони наздикии бештар бо табиат буд. Дар ниҳоят, аз зиндагии пурдабдаба фирор кард, аммо каме дер кард. Ҳамеша аз тавоноии бузҳои кӯҳӣ дар ҳайрат будам, ки чаро онҳо аз боло сарозер намешаванд. Кош, инсонҳо чунин қобилият медоштанд. Сарнавишти ҳамаи шоирон, донишмандон ва тамоми олам ба зимомдорон вобастааст. Гоҳе амир шоири донишмандро намефаҳмиду ӯро бадарға мекард ё баръакс, барояш инъом медод. Бояд аз президент Раҳмон сипосгузор бошам, ки ба бозгаштам аз шаҳр ба ватан мусоидат кард ва хонаву ҳамин ҳавлиякеро дар ихтиёрам гузошт. Тамоми умрам дар камбағалӣ гузашт, дар фақр не, албатта. Дар ин оромӣ асарҳое офаридам, ки солҳои зиёд умр хоҳанд дошт."

Радиои Озодӣ: Дар солҳои 80-ум симои ҳоло машҳури Хоҷа Насриддинро офаридед, ки хоҳони низоми одилона буд. Ба фикри Шумо, ҳоло мақомот ва адолат ба кадом шакл бояд бошанд? Аз ҷумла, дар Тоҷикистон.

Темур Зулфиқоров: "Тақрибан 50 сол пеш дар кӯҳсоре пирамарди хуфта дар зери дарахти олучаро дидам. Як чашмашро кушоду пурсид, “Ту кистӣ?” Гуфтам, “Темур Зулфиқоров, шоири ҷавон”. Гуфт, “Ман, Хоҷа Насриддин. Бо Буддо дар бораи марг суҳбат кардам, дар корвони пайғомбар будам, дар миёни шахсоне ҳузур доштам, ки чормехзании Масеҳро назорат мекарданд; бо Чингизхон дар бораи санъати ҷанг ва бо Иван Грозний дар бораи сарнавишти Русия суҳбат кардаам..." Дар назарам симои шахси ҷовидоние пайдо шуд, ки рӯҳаш аз марг эмин аст. Тақрибан шаст сол дар Русия зистам ва ба ин далел аз мушкилоти тоҷикистониҳо бардошти комиле надорам. Бояд ҳамзамон эътироф кунам, ки сарнавишти Тоҷикистон ба андозае ба тақдири Русия вобаста аст. Кофист, ёдовар шавем, миллионҳо ҳамватани мо дар Русия машғули коранд. Рӯҳи тоҷикон ба русҳо наздиктар аст. Вақте тоҷике ба деҳаи руснишин меояд, ҳатто тахтае дуздида намешавад, тоҷик ба ҳама кумак мекунад. Дар деҳаи рус пиразани рус вақте тоҷике меояд, мегӯяд, "худӣ" омад."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Гуфтугӯ бо Темур Зулфиқоров, "дарвеш"-е аз Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:05 0:00

Радиои Озодӣ: Баъзе аз дӯстонатон аз Шумо ба унвони дарвеши пир ном мебаранд. Оё дар шароити ҳозира ҳам дарвеш будан ва ҳам таъмини молӣ кардани хонавода кори осон аст?

Темур Зулфиқоров: "Дуруст аст, ки ман вассофи дарвешҳо ҳастам, ҳарчанд дар зиндагии воқеӣ вазъ ба таври дигар аст. Аз рӯйи филмномаҳои ман 12 филми ҳунарӣ ба навор гирифтаанд, ки сетоаш ҷаҳонӣ дониста шуд. Аз рӯйи асарҳои ман қариб сӣ соли охир театрҳо намоишномаҳоро рӯйи саҳна мемонанд. Беш аз сӣ китоб нашр карда, муаллифи беш аз 150 сурудаҳо мебошам. Бо ин вуҷуд, бахши моддӣ, мубориза бо фақр тамоми умр ҳамроҳам мебошад. Дар зиндагӣ талош мекунам, ба нафарони аз ман ҳам нодортар ёрӣ кунам. Қисми бештари маблағи ҷоизаи охирини худро аз ИДМ (СНГ) ба худам сарф кардам, вале ҳамзамон натавонистам бо ҳамдеҳагони нодорам онро тақсим накунам."

Радиои Озодӣ: Бо истифода аз омезиши сабки шарқӣ бо адабиёти русӣ ба дастовардҳое ноил шудед. Намехоҳед, ки ба сабки насри воқеӣ гузаред?

Темур Зулфиқоров: "Дар синни ман, ки мазоре дар наздикиам аст ва пайваста садои майсаҳои онро гӯш медиҳам, фикри эҷод ва адабиёт зиёд ташвиш намедиҳад. Бештар дар бораи масоили маргу он дунё фикр мекунам, дар бораи дидор бо онҳое, ки аллакай реҳлат кардаанд..."

Радиои Озодӣ: Фикр мекунем, бароятон дар ин мавзуъ фикр кардан барвақт аст

Темур Зулфиқоров
Темур Зулфиқоров

Темур Зулфиқоров: "Ташаккур, албатта, вале теъдоди наздикону дӯстонам, ки ба абадият рафтаанд, аз шумори дар ин ҷо будагон зиёдтар мешавад… Ҳоло як гурӯҳи ночизе, ки худро адиб медонанд, ҷойгоҳеро дар фарҳанги Русия забт кардаанд ва тамоми дастовардҳои насли маро бо баҳонаи "Шӯравӣ" ва "бегона" инкор мекунанд. Албатта, ин хандаовар аст. Зеро, онҳо осори Шолохов ва Шукшину Айтматовро инкор мекунанд… Ҳоло дар Русия инқилоби даҳшатовари фарҳангӣ сурат мегирад ва дар мамнуъгоҳи фарҳанги рус шикорчиёни ғоратгар ҳукмронӣ мекунанд."

Радиои Озодӣ: Бӯстонсарои Шумо, ки феълан дар ин ҷо суҳбат мекунем, зери шохаҳои бузурги арчаву сӯзанбарг қарор дорад. Чинорҳои зиёд поинтар ҷой гирифтаанд. Ин нишони тамоюли бештари Шумо ба Русия аст?

Темур Зулфиқоров: "Поинтар дар назди чашма чиноре қомат афрохтааст, ки қариб ду ҳазорсола аст. Ин дарахт муҳимтарин ҷузъи илҳоми ман мебошад."

Радиои Озодӣ: Ба зудӣ осори навро метавонем интизор шавем?

Темур Зулфиқоров: "Ба наздикӣ дар Санкт-Петербург китоби нави ман бо номи "Сафарҳои Хоҷа Насриддин дар асри 21" нашр шуд, ки дар он асарҳои нави сиёсиву фалсафавӣ, ошиқонаву лирикӣ ва ҳатто шаҳвонии ман гирд оварда шудааст. Ҳамаи ин асарҳо дар Тоҷикистон, дар ҳамин гӯшаи кӯҳӣ эҷод шудаанд. Дар гузашта, дар Тоҷикистон чанд китоби ман нашр шудааст. Дар остонаи зодрӯзам мехостам, китоби навро нашр кунам, вале, шумораи телефонҳои сармоягузоронам хомӯшанд. Шояд, сарватмандон одате доранд, ки ба зангҳои телефонии камбағалон шавқи посух доданро надоранд. Умед дорам, бо ҷашни зодрӯзам Эмомалӣ Раҳмон низ маро табрик мегӯяд ва бо истифода аз фурсат барояш шикоят хоҳам кард, ки дар Тоҷикистон китобҳоям паси кӯҳҳои баланд дар дуриҳо панаҳ бурдаанд. Худи китобро Бунёди гиромидошти Садриддин Айнӣ омода кардааст ва умед дорам, дасти калон ишорае мекунаду китобам дар Тоҷикистон низ нашр мешавад."

XS
SM
MD
LG