Темур Зулфиқоров дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки романи ӯ “ба муҳаббат дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст”.
Темур Зулфиқоров: “Роман аз 50 ҳикояти кӯтоҳ иборат аст, ки як сужаи муайян доранд, яъне дар бораи он аст, ки чӣ гуна дарвеш Хоҷа Зулфиқор бо духтари ҷавон дар шаҳри азизаш Душанбе гардиш мекунад, ки он ҷо ҷанг идома дорад, дар хиёбонҳо танкҳо истодаанд ва тирпарронӣ ба гӯш мерасад, одамони кушта ваё бо дастҳои бурида дар ҷӯйборҳо хобидаанд... Ин ҳамаро ман бо чашми худ дидаам ва ин ҳама дар 50 ҳикоят ва ё ҳадис дар бораи ҷанг тасвир шудааст....Дар ин асар азияти мардуми тоҷик, бузургии он, зебоии он, хайрхоҳии он таҷассум ёфтаанд, зеро айёми ҷанг ҳама бадтинатӣ ва бузургии инсон ошкор мешаванд”.
Роман аз рӯи ҳаҷм он қадар бузург нест ва айни ҳол онро ба забони тоҷикӣ баргардон мекунанд.
Нахустин пораҳои романи "Истода ва гирён дар миёни обҳои равон" дар рӯзномаи “Независимая газета” нашр шуда буд ва матни комили он дар осори комили адиб иборат аз ҳафт ҷилд ҷой дода шудааст. Ба гуфтаи Темур Зулфиқоров, ин ҳафтҷилда охири соли гузашта бо сармоягузории миллиардер Алишер Усмонов нашр шуд ва панҷ ҳзор нусхаи он ройгон ба китобхонаҳои Русия ирсол гардид. Адиби русзабони тоҷик бо таассуф мегӯяд, ки то ҳол бо Алишер Усмонов ошно нест, зеро “Усмонов аз сармоядорони ангуштшуморест, ки некӣ мекунад ва аммо дар ивазаш чизе талаб надорад”. Темур Зулфиқоров баъд аз нашри китоб ба Алишер Усмонов номаи сипос ирсол кардааст, вале намедонад, ки он нома расидааст ё на.
Аз адиб суол кардем, ки ахиран чӣ қисса ё достони нав иншо кардааст? Темур Зулфиқоров дар посух гуфт, ки қаблан дар бораи кудакии Исои Масеҳ ҳикояте навишта буд, ахиран қиссаи кӯтоҳе дар бораи овони тифлии Муҳаммад пайғамбар эҷод кардааст.
Темур Зулфиқоров: “Ду асари ахири ман – яке ҳикояи “Фотима” аст, ки низ дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қисса мекунад ва дигарӣ - қиссае аз кудакии паёмбар. Ин қиссаи кӯтоҳ аст ва ҳамагӣ даҳ саҳифа ҳаҷм дорад”.
Адиби русзабони тоҷик мегӯяд, ӯ барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шонси худ дорад ва аммо фақат дар ҳоле, ки романашро ҳакамони кумитаи ҷоизаи Нобел мутолиа кунанд. Ба гуфтаи Темури Зулфиқор, итминонаш бар он поя аст, ки мунаққидон романи "Истода ва гирён дар миёни обҳои равон"-ро ҳамсанги романи адиби маъруф Гарсиа Маркес “Сад соли танҳоӣ” медонанд.
Дар поёни сӯҳбат Темур Зулфиқоров гуфт, ҳарчанд андаке мариз аст, мехоҳад аввалҳои моҳи оянда ба Тоҷикистон равад, зеро Душанбева Варзобро сахт ёд кардааст. “Мехоҳам, ки бори дигар гулборони Варзоб ва болои сарам рехтани гулҳои дарахтони ватанамро бубинам”.
Ба ҷуз ҳафтҷилда ӯ ба Ватан дискҳои нав бо таронаҳояшро низ армуғон мебарад. Темури Зулфиқор мегӯяд, таронаҳояш ахиран дар панҷ диск сабт шудаанд, ки таронаҳои ду дискро худаш замзама кардааст.
Темур Зулфиқоров зодаи ду фарҳанг – фарҳанги тоҷику рус аст. Ӯ мутаваллиди шаҳри Душанбест ва дар Маскав ба сар мебарад. Темури Зулфиқор аз ин пеш ҳам ба дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт пешбарӣ шуда буд.
Темур Зулфиқоров: “Роман аз 50 ҳикояти кӯтоҳ иборат аст, ки як сужаи муайян доранд, яъне дар бораи он аст, ки чӣ гуна дарвеш Хоҷа Зулфиқор бо духтари ҷавон дар шаҳри азизаш Душанбе гардиш мекунад, ки он ҷо ҷанг идома дорад, дар хиёбонҳо танкҳо истодаанд ва тирпарронӣ ба гӯш мерасад, одамони кушта ваё бо дастҳои бурида дар ҷӯйборҳо хобидаанд... Ин ҳамаро ман бо чашми худ дидаам ва ин ҳама дар 50 ҳикоят ва ё ҳадис дар бораи ҷанг тасвир шудааст....Дар ин асар азияти мардуми тоҷик, бузургии он, зебоии он, хайрхоҳии он таҷассум ёфтаанд, зеро айёми ҷанг ҳама бадтинатӣ ва бузургии инсон ошкор мешаванд”.
Роман аз рӯи ҳаҷм он қадар бузург нест ва айни ҳол онро ба забони тоҷикӣ баргардон мекунанд.
".... дар хиёбонҳо танкҳо истодаанд ва тирпарронӣ ба гӯш мерасад, одамони кушта ваё бо дастҳои бурида дар ҷӯйборҳо хобидаанд... Ин ҳамаро ман бо чашми худ дидаам....."
Нахустин пораҳои романи "Истода ва гирён дар миёни обҳои равон" дар рӯзномаи “Независимая газета” нашр шуда буд ва матни комили он дар осори комили адиб иборат аз ҳафт ҷилд ҷой дода шудааст. Ба гуфтаи Темур Зулфиқоров, ин ҳафтҷилда охири соли гузашта бо сармоягузории миллиардер Алишер Усмонов нашр шуд ва панҷ ҳзор нусхаи он ройгон ба китобхонаҳои Русия ирсол гардид. Адиби русзабони тоҷик бо таассуф мегӯяд, ки то ҳол бо Алишер Усмонов ошно нест, зеро “Усмонов аз сармоядорони ангуштшуморест, ки некӣ мекунад ва аммо дар ивазаш чизе талаб надорад”. Темур Зулфиқоров баъд аз нашри китоб ба Алишер Усмонов номаи сипос ирсол кардааст, вале намедонад, ки он нома расидааст ё на.
Аз адиб суол кардем, ки ахиран чӣ қисса ё достони нав иншо кардааст? Темур Зулфиқоров дар посух гуфт, ки қаблан дар бораи кудакии Исои Масеҳ ҳикояте навишта буд, ахиран қиссаи кӯтоҳе дар бораи овони тифлии Муҳаммад пайғамбар эҷод кардааст.
Темур Зулфиқоров: “Ду асари ахири ман – яке ҳикояи “Фотима” аст, ки низ дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қисса мекунад ва дигарӣ - қиссае аз кудакии паёмбар. Ин қиссаи кӯтоҳ аст ва ҳамагӣ даҳ саҳифа ҳаҷм дорад”.
Адиби русзабони тоҷик мегӯяд, ӯ барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шонси худ дорад ва аммо фақат дар ҳоле, ки романашро ҳакамони кумитаи ҷоизаи Нобел мутолиа кунанд. Ба гуфтаи Темури Зулфиқор, итминонаш бар он поя аст, ки мунаққидон романи "Истода ва гирён дар миёни обҳои равон"-ро ҳамсанги романи адиби маъруф Гарсиа Маркес “Сад соли танҳоӣ” медонанд.
Дар поёни сӯҳбат Темур Зулфиқоров гуфт, ҳарчанд андаке мариз аст, мехоҳад аввалҳои моҳи оянда ба Тоҷикистон равад, зеро Душанбе
“Мехоҳам, ки бори дигар гулборони Варзоб ва болои сарам рехтани гулҳои дарахтони ватанамро бубинам”.