Темур Зулфиқоров, адиби саршинос, тоҷиконро мардуми зудбовар тавсиф карда ва гуфт, ки "аз ин соддагии онҳо дар ҷаҳон сӯистифода мешавад". Ӯ дар ин бора 23 май, дар шаби эҷодияш дар толори Театри ба номи Владимир Маяковскийи пойтахт, сӯҳбат карда афзуд, дар рагу пайвандаш хуни тоҷику рус гардиш мехӯрад ва ӯ ҳамеша дар фикри ояндаи ин миллатҳост.
Зулфиқоров илова кард, "хонаи тоҷик ҳамеша пур аз кӯдак аст. Тоҷикон бо кӯдакон зиёд гуфтугӯ карда, мисли кӯдак рӯҳи поку беолоиш доранд. Аз ин рӯ, тоҷикон соддаву зудбоваранд."
Адиби саршинос дар ин сӯҳбаташ ба мавзӯи куштори муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ дахл карда ва гуфт, агар омори қатли шаҳрвандони Тоҷикистон даҳшатбор бошад, қатли худи русҳо дар кишварашон аз он даҳшатбортар аст. "Боре сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки тоҷикҳоро мекушанд. Аалбатта, ин бисёр даҳшатнок аст. Аммо ман гуфтам, оё медонед ҳар рӯз чанд русро дар Русия мекушанд? Адади он даҳшатноктар аст!" – гуфт Зулфиқоров.
Шаби эҷодии Темур Зулфиқоров шоми 23 май дар Театри ба номи Владимир Маяковскийи шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ин шаби эҷодии нависандаии русзабони Тоҷикистон "Дастрахони ҳаёти ман унвон" дошт ва дар он китоби тозаэҷоди ӯ - "Пиёлаи заррини муҳаббат" муаррифӣ шуд. Дар ин шом Зулфиқоров новеллаҳои тозаэҷоди хешро ҳамроҳи завҷааш Ирина Дмитриева Ван зери оҳанги гитор замзама кард.
Темур Зулфиқоров баъди қироати новеллаҳояш, инчунин, назару андешаҳои хешро дар мавриди ҳаводиси рӯз баён дошт. Вай бештар аз хабари расонаҳо интқиод кард, ки ба қавли ӯ болои сари мардум “партов” мерезанд: "Мардум фикр мекунанд, ки партовгоҳҳои бузург берун аз шаҳр қарор дорад, аммо ин тавр нест. Тамоми партову наҷосат шабу рӯз ба болои мо аз экранҳои телевизион мерезад. Ман ҳам аз ин эмин нестам, чунки телевизор тамошо мекунам. Малахову дигарон, масалан."
Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар Душанбе дида ба ҷаҳон кушодааст. Падараш - Қосим Зулфиқоров котиби аввали ҳизби коммунист дар Шаҳринав буд. Соли 1937, вақте Темур ҳамагӣ як сол дошт, падари ӯ зери чархи мошини таъқиботи сталинӣ уфтод ва ҳамчун "душмани халқ" қатл шуд.
Модараш – профессор Людмила Успенская - муҳаққиқи гӯишҳои водии Ҳисор ва яке аз муаллифони “Луғати тоҷикӣ-русӣ”-и чопи соли 1954 буд. Дуруст ҳамон сол, Темур Зулфиқоров ба риштаи фалсафаи Донишгоҳи Ленинград дохил шуд, вале ду сол баъд фалсафаро партофт ва таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав идома дод.
Муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла “Рояли сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад”, “Мурғи сиёҳ”, “Саробҳои ишқ”, “Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тило”. Теъдоди умумии нашри 30 китоби Темур Зулфиқоров беш аз 1 миллион нусха баровард шуда, ӯ танҳо адиби тоҷик аст, ки ду дафъа ба ҷоизаи адабии Нобел пешбарӣ шудааст.