Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Ҳасибулло Файзӣ пас аз асорати Толибон аз тӯи арӯсӣ даст кашид? ВИДЕО


Ҳасибулло Файзӣ, як фармондеҳи нерӯҳои низомии давлати Афғонистон соли 2016 ба дасти Толибон асир афтод. Дар он ҳодиса чархболе, ки ӯву гурӯҳи низомиёни давлатӣ савори он буданд, аз ҷониби ҷангиён суқут дода шуд.

Ин низомии собиқ дар суҳбат бо радиои “Афғонистони озод” гуфт, дар асорат орзуи марг мекард, чун таҳаммули шиканҷаҳои Толибонро надошт. Баробари асир афтодани гурӯҳи низомиён - Толибон шаш нафар аз ҳамроҳони Ҳасибуллои 22-соларо дар пеши чашми онҳо қатл кардаанд. 12 нафар. бо шумули худи ӯ ба дасти Толибон асир афтодаанд.

Толибон асирон, аз ҷумла Ҳасибуллоро бераҳмона шиканҷа кардаанд, аз ҷумла олоти мардонаи ӯро маъюб кардаанд. Ба ин хотир Ҳасибулло мегӯяд, аз духтари номзадаш ва "тӯи арусӣ даст кашид" ва зиндагӣ барояш бемаъно шудаасту орзуи маргро дорад.

Панҷ сол баъди ин ҳодисаҳо, ИМА тасмим гирифт Афғонистонро тарк кунанд ва Толибон ба ишғоли қаламравҳои бештари Афғонистон шурӯъ карданд.

Дар ҳоле, ки аксарият аз ояндаи сари қудрат омадани тундгароҳои исломӣ меандешанд, Ҳасибулло Файзӣ бо ёдоварӣ аз саргузаштҳои талхи худ аз ҳоло медонад, ки ҳеҷ хубие пешбинӣ набояд кард.

Тафсилоти қиссаи дар дасти Толибон асир афтонаи Ҳасибуллоро дар ин гузориши видеои бубинед:

Толибон ӯро шиканҷа кардаанд. Саргузашти сангини Ҳасибулло
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:14 0:00

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG