Рӯзи 12-уми август задухӯрдҳои ҷангиёни Толибон бо нирӯҳои давлатии Афғонистон дар саросари кишвар идома ёфт. Дар ин рӯз инчунин хабар расид, ки шаҳри Ғазнии воқеъ дар 150-километрии ҷанубуғарби шаҳри Кобул ба дасти Толибон гузаштааст. Агар ин хабар дуруст бошад, пас Ғазнӣ аз миёни 34 маркази маъмурии вилоятҳо даҳумин шаҳре хоҳад буд, ки ба дасти Толибон гузаштааст. Ғазнӣ як шаҳри стратегӣ ба шумор меравад ва дар канори шоҳроҳи Кобул-Қандаҳор ҷойгир шуда, пойтахтро бо ҷануби кишвар мепайвандад.
Мақомот гуфтанд, ки дар як пойгоҳи амниятӣ ва муассисаи марбут ба артиш ҷангҳои номунтазам идома доранд. Сухангӯи вазорати умури дохилӣ тасдиқ кард, ки Толибон аксари шаҳрро ба даст овардаанд. Мирвайс Станикзай дар як паёме гуфт, «душман назоратро ба даст гирифт» ва афзуд, ки ҷанг ва муқовимат идома дорад.
Сокинони маҳаллии Ғазнӣ ба журналистони Радиои “Афғонистони озод” гуфтанд, ки ҷангиёни Толибон вориди шаҳр шуданд ва худи онҳо аксҳое аз ҷараёни даргириҳо дар шаҳрро нашр намуданд. Толибон иддао карданд, ки бинои ҳукумати вилоятӣ, қароргоҳи марказии полис ва дигар идораҳои маъмуриро ишғол намудаанд.
Аз шаҳрҳои Лашкаргоҳ, Қандаҳор ва Қалъаи Нав ҳам хабарҳо аз ҷангҳои шадид мерасад. Ин ҳама дар ҳолест, ки дар шаҳри Давҳаи Қатар рӯзи 12-уми август рӯзи сеюм ва ниҳоии музокираҳои ҳукумати Кобул ва Толибон идома дорад.