Мақомоти пулис дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки ҳудди як тонна маводи мухаддире, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ кашф ва мусодира шудааст, дар оташ нобуд карданд.
Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 12-уми август гуфт, маҳви маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони додситонӣ, додгоҳ ва хабарнигорон доир шуд.
Дар миёни маводи нобудшуда, ба навиштаи вазорат, беш аз 34 килограмм ҳероин, 214,5 килограмм афюн, 605 килорамм бангдона ва 272,5 килограмм ҳашиш будааст.
Гуфта мешавад, ба фарқ аз солҳои қаблӣ ҳоло гардиши ғайриқонуни ҳабҳои нашъадори синтетикӣ, ки истеъмоли он ба ҳаёту саломатии одамон таҳдиди бештар доштааст, зиёд шудааст. Дар миёни маводи ба оташрафта мақомот ҳабҳои нашъадори синтетикии “Амфетамин”, “Метамфитамин”, “Метадон” ва “Алпразолам”-ро ёд карданд.