Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал: Тағйирёбии иқлим фоҷиабор хоҳад буд


Муаллифони гузориш мегӯянд, дар даҳ соли оянда дар ҳама гӯшаи дунё тағйирёбии иқлим назаррас хоҳад шуд
Муаллифони гузориш мегӯянд, дар даҳ соли оянда дар ҳама гӯшаи дунё тағйирёбии иқлим назаррас хоҳад шуд

"Фаъолияти инсон иқлимро ба таври бесобиқа ва ҳатто дар баъзе ҳолат ба таври бебозгашт тағйир медиҳад", - омадааст дар гузориши Гуруҳи байниҳукуматии коршиносони умури тағйирёбии иқлим дар назди Созмони Милали Муттаҳид.

Бино ба гузориш, дар 40 соли охир ҳарорати миёнаи Замин нисбат ба ҳар давраи 40-солаи 2 ҳазор соли охир афзоиши босуръаттар доштааст. Аз соли 1850, ки назорати ҳарорат оғоз гардид, панҷ соли охир гармтарин будааст.

Муаллифони гузориш мегӯянд, даҳ соли оянда дар ҳамаи минтақаҳои дунё тағйирёбии иқлим назаррастар хоҳад шуд.

Дар сурати болоравии 1,5°C ҳарорати ҳаво, мавсими гармо тӯлонитар мешавад ва мавсими сармо кӯтоҳтар. Аз эҳтимол дур нест, ки то соли 2050 Қутби шимол ҳадди ақал дар сол як маротиба - дар моҳи сентябр - комилан аз ях холӣ хоҳад шуд.

Олимон обшавии пиряхҳоро ба таъсири башарият ба табиат рабт медиҳанд.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал, гуфт, ин гузориш "рамзи сурх барои инсоният аст". "Гузориш бояд намози ҷаноза барои ангишт ва дигар сӯзишвориҳои зеризаминӣ бошад. Пеш аз он ки ангишту сӯзишвориҳо сайёраи моро маҳв кунанд, бояд салоти ҷанозаи онҳо садо диҳад", - гуфт Гутерриш.

"Аз фоҷеа мешавад пешгирӣ кард дар сурате, ки агар дунё аз ҳоло ташаббус нишон диҳад", -- гуфтаанд муаллифони гузориш.

XS
SM
MD
LG