Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъину нишонагузории марз бо Қирғизистон дар Душанбе баррасӣ шудааст


Дар муноқишаи моҳи апрел даҳҳо хона дар рустоҳои наздимарзӣ сӯхтаву вайрон шуданд
Дар муноқишаи моҳи апрел даҳҳо хона дар рустоҳои наздимарзӣ сӯхтаву вайрон шуданд

Дар Душанбе масъалаи таъин ва нишонагузории сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шудааст, вале мақомот тафсилоти онро ошкор накарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ду кишвар аз 4 то 9-уми август баргузор шуд. “Пас аз анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор имзо гардид”, - хабар дод сомонаи вазорат.

Мақомот бо нашри як акс аз ҷараёни музокирот гуфтаанд, “вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд”. Феълан тафсилоти мулоқот ва баҳси ҷонибҳо ба мо маълум нест. Қарор аст, мулоқоти навбатӣ дар Қирғизистон баргузор шавад.

Дарозии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километр муайян ва нишонагузорӣ шудааст.

Минтақаҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

Пас аз як чунин задухӯрд дар рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол муносибати ду кишвар ба сардӣ печид. Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, дар ин муноқиша 19 нафар кушта, 87 каси дигар захмӣ шуданд. Қирғизистон аз кушта шудани 36 нафар ва маҷруҳ шудани 189 нафар дар ин даргириҳо хабар дод. Мақомоти ҳарду кишвар якдигарро ба шурӯи ҷанг муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG