Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ аз 9 август дархостҳоро барои Ҳаҷи Умра қабул мекунад


Зоирон ҳангоми тавофи Каъба
Зоирон ҳангоми тавофи Каъба

Арабистони Саудӣ аз 9-уми август дархости хориҷиёнро барои Ҳаҷи Умра қабул мекунад, ба шарте ки довталабон гувоҳиномаи ваксинаи зидди коронавирусро дошта бошанд.

Хабаргузории давлатии ин кишвар рӯзи 8-уми август иттилоъ дод, ки шумори зоирон аз 60 ҳазор то 2 миллион нафар дар як моҳ хоҳад буд.

Бемории ҳамагир ба ҷараёни Ҳаҷи фарзӣ ва Умра, аз бахшҳои сердаромади Арабистони Саудӣ, халал расонд. Пеш аз пандемия ин кишвар ҳар сол аз ҳисоби зоирон тақрибан 12 миллиард доллар фоида медид.

Ҳаҷ яке аз панҷ рукни дини Ислом аст ва риояаш барои ҳар фарди мусалмоне, ки тавоноӣ дорад, фарз аст. Ҳаҷи фарзӣ дар як сол як бор ва дар замони Иди Қурбон иҷоза ҳаст. Мусалмонон Ҳаҷи Умраро дар ҳар вақти барояшон муносиб анҷом дода метавонанд.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор кас барои зиёрати Каъба мерафтанд ва ду сол боз ба сабаби пандемия аз сафар маҳруманд.

XS
SM
MD
LG