Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири молия гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғун "омӯзиши махсус мегузаронад"


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"

Вазири молияи Тоҷикистон хабар дод, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои сармоягузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” як омӯзиши вижа мегузаронад.

Масъулони Бонки Ҷаҳонӣ дар ин маврид шарҳе надодаанд. Ба қавли вазири молия, Тоҷикистон бо маблағҳои буҷа наметавонад “Роғун”-ро бисозад ва аз ин рӯ дар талоши пайдо кардани сармоя аст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ дар бораи омӯзиши махсуси Бонки Ҷаҳонӣ барои маблағгузории “Роғун” шарҳи зиёд надод. Ӯ танҳо гуфт, то моҳи сентябр як нишаст бо ҳузури намояндагони созмонҳои молиявӣ баргузор ва “қадамҳои баъдӣ дар робита ба “Роғун” мушаххастар мешавад.”

Вазири молия дар ҳузури хабарнигорон аз он гуфт, ки “нигоҳи тамоми созмонҳои молии ҷаҳонӣ ба ин иншоот (Роғун) комилан дигар шудааст.” Аммо мушаххас аз ягон созмони молии ҷаҳонӣ ном набурд.

Ҳукумати Тоҷикистон нерӯгоҳи “Роғун”-ро ҳаёту мамоти кишвар мехонад ва то имрӯз ду чархаи онро фаъол кардааст. Сохтмони нерӯгоҳ дар дарёи Вахш ҳанӯз замони Шӯравӣ оғоз ёфта буд. Вале бо далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон натавонист, онро пурра кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шуруъ кард.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла вазири молия борҳо гуфтаанд, кишвар ба танҳоӣ наметавонад сохтмони “Роғун”-ро ба анҷом расонад, чун барои бунёди чунин иншоот пули зиёде зарур аст. То ин вақт ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷа, фурӯши саҳмияҳо ба мардум ва евробондҳо ба сохтмони “Роғун” идома медиҳад.

Вазири молия мегӯяд, солона аз буҷаи кишвар ҳудуди 2,2 миллиард сомонӣ барои сохтмони “Роғун” ҷудо мешавад.

Норӯшаниҳо дар бораи идомаи маблағгузории “Роғун” ба кори иншоот бетаъсир намондааст. Ду соли гузашта чандин корманди нерӯгоҳ аз моҳҳо дарёфт накардани маош шикоят карданд.

Аз ҷумла, кормандони ширкати бинокории "Асри нур" моҳи апрел гуфтанд, 8 моҳ маош нагирифтанд. Дар пайи шикояти кормандонаш ширкат аз иҷозаи кор дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" маҳрум шуд. Ҳарчанд вазири молия рӯзи 2-юми август гуфт, дар маблағгузории “Роғун” мушкил ҷой надорад.

XS
SM
MD
LG