Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, нархи истифодаи барқ имсол дар Тоҷикистон гарон мешавад, аммо нагуфтанд, ки чӣ қадар.
Рустам Маҷидзода, сардори департаменти иқтисод ва молияи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 29-уми июл гуфт, нархи барқро «як гуруҳи корӣ дар назди Хадамоти зиддиинҳсорӣ муайян мекунанд».
Масъули “Барқи тоҷик” афзуд, онҳо хароҷоти худро ба ин гуруҳи корӣ пешниҳод кардаанд ва дар ниҳоят ҳукумат тасмим мегирад, ки нархи барқ чӣ қадар бошад.
Рустам Маҷидзода дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, арзиши асосии истеҳсоли як киловат барқ дар Тоҷикистон бе назардошти хароҷоти интиқол 20 дирам мебошад. Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси “Барқи тоҷик”, шарҳ дод, ки «арзиши аслии истеҳсоли барқ вобаста ба хароҷот метавонад зиёдтар бошад.»
Дар бораи боло рафтани нархи барқ рӯзи 12-уми июл вазири энержӣ ҳам суҳбат кард. Пештар баъзе аз сокинон аз ҳаргуна тасмими мақомот барои боло бурдани нархи барқ танқид кардаанд. Мақомот ҳамвора мегӯянд, нархи истифода аз барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ хеле поин аст.
Чанд созмони молии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ дар чанд шарти худ ба Тоҷикистон боло бурдани қимати барқро зикр кардаанд.
Нархи барқ пайваста дар Тоҷикистон боло меравад ва танҳо соли гузашта ба хотири пандемия ҳукумат афзоиши нархи барқро манъ кард.