Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуруҳи корӣ 40 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мушаххас кард"


Ин хонаҳо дар муноқишаи моҳи апрел сӯхтаву вайрон шудаанд
Ин хонаҳо дар муноқишаи моҳи апрел сӯхтаву вайрон шудаанд

Қирғизистону Тоҷикистон 40 километри дигари марзро “мушаххас карданд”.

Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 29-уми июл Абдулат Мирзоев, узви Кумисюни ҳукуматии он кишвар дар мавриди таъину нишонагузории сарҳад иттилоъ дод. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст.

"Дар 3 мулоқоти охири гуруҳҳои кории ду кишвар 40 километри дигари марз мушаххас шуд. Моҳи август мулоқот дар Тоҷикистон дар нақша аст. Корҳо идома доранд, аммо мо гуфта наметавонем, ки масъала кай ҳал мешавад", - гуфт Мирзоев.

Аз 12 то 17-уми июл дар шаҳри Бишкек мулоқоти гуруҳҳои кории Тоҷикистон бо Қирғизистон баргузор шуд. Мақомоти Қирғизистон ҷузъиёти ин мулоқотро шарҳ надоданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун муноқиша сар мезанад.

Дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва даҳҳо манзилу иншооти дигар вайрон шуд.

XS
SM
MD
LG