Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллионҳо сомонии "Агроинвестбонк" дар дасти баъзе аз муштариёнаш мондааст


Бинои "Агроинвестбонк".
Бинои "Агроинвестбонк".

Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи ситондани қарзҳои додаи "Агроинвестбонк" аз баъзе муштариёнаш то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсӣ, 28-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, 27 ширкате, ки дар гузашта аз "Агроинвестбонк" қарз гирифта буданд, 223 миллион сомониро барқарор карда, 146 миллиони дигар мондааст. Ба иттилои ӯ, "баъзе аз намояндагони ширкатҳо пас аз пардохти қарзи бонкӣ, бо татбиқи қонуни афв, озод шуданд, вале чанде аз онҳо дар боздошт ҳастанд".

Пештар масъулони Оҷонсӣ гуфта буданд, ки намояндагони ширкатҳо дар истифодаи ғайриҳадафмандонаи маблағҳои қарзии "Агроинвестбонк" даст доранд. Раҳбарияти Оҷонсӣ дар посух ба ин суол, ки оё дар баробари муштариёни қарздор, нисбат ба масъулони бонк ҳам парванда боз шудааст, танҳо аз Фаррух Тағоймуродов, раиси пешини "Агроинвестбонк" ном гирифт.

Фахриддин Акрамзода, муовини сардори Раёсати тафтишоти Оҷонсӣ гуфт, Тағоймуродов моҳи январи имсол пас аз барқарор кардани беш аз 15 миллион сомонӣ зараре, ки ба давлат расонида буд, бо татбиқи қонуни афв озод гардид. Тағоймуродов дар пешниҳоди ғайриқонунии қарзҳои бонкӣ муттаҳам буд.

"Агроинвестбонк", ки дар гузашта аз бонкҳои низомсози кишвар ба ҳисоб мерафт, аз соли 2015 дучори буҳрон шуда, дар бозгардондани пасандози амонатгузорон оҷиз монд. Моҳи майи имсол Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи "Агроинвестбонк"-ро бозхонд намуд. Ин бонк дар ҳоле муфлисшуда эълон гардид, ки муштариёнаш аз тақдири бозпас гирифтани маблағҳои худ нигаронанд.

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта зимни як нишаст дар Душанбе гуфт, қарзи умумии "Агроинвестбонк" дар назди муштариён аз 2,4 миллиард сомонӣ то 1,38 миллиард сомонӣ кам шудааст.

XS
SM
MD
LG