Пайвандони Манораи Абдуфаттоҳ, сокини 25- солаи ноҳияи Файзобод аз натиҷаи ташхиси додгоҳӣ, ки дар он марги ин зан бо эҳтимоли зиёд худкушӣ номида шудааст, норизоянд.
Ҷасади ин зани ҷавон рӯзи 22-уми июн дар манзили зисташ бо беш аз 20 зарби корд пайдо шуда буд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ қасди худкӯшӣ надошт ва ӯро куштаанд, вале мақомот мегӯянд, ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ ба даст наомадааст.
Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора рӯзи 11-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хулосаи ташхиси дуюмро дастрас кард, ки дар он ташхисгарон тахмин задаанд, ки шояд ӯ худашро корд задааст.
Ташхиси аввал низ марги ӯро худкушӣ номида буд, вале ин мард, ки пас аз ҳодиса аз Русия ба Тоҷикистон баргашт, тақозои ташхиси навро карда буд.
“Дар ин ташхис аниқ нагуфтаанд, вале ишора кардаанд, ки мумкин аст, худаш ба баданаш корд зада бошад. Наход, ки 26 кордро худаш зада бошад?! Ман гуфтам, ки агар дастонашро бурида бошад, боз бо ҳамон даст метавонад гулӯяшро бурад? Ё аввал гулӯяшро бурида бошад, метавонад боз дастонашро бурад. Мантиқан ин чизҳо ба ақл рост намеоянд”,--гуфт ӯ.
Ҳодисаро Додситонӣ ва ШВКД дар ноҳияи Файзобод таҳқиқ доранд. Мақомот расман ҳодисаро шарҳ намедиҳанд, вале як манбаъ аз ШВКД-и ноҳияи Файзобод бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз дастрас шудани ду ташхиси дигар худкушӣ ё куштор будани ҳодиса маълум хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ташхиси навбатӣ бояд дору истеъмол кардан ё накардани ин занро маълум кунад. Ташхиси дуюм осори зуроварӣ ва эҳтимоли таҷовузро аниқ мекунад.
“Албатта, мо наздикони ин занро дарк мекунем, вале барои дар оянда гап нашудан бояд ташхисҳо пурра анҷом шаванд. Агар ташхисҳо куштор гуфт, аз рӯйи он парванда мешавад, агар худкушӣ гуфт, ҳатман одамоне, ки ӯро ба ин ҳол овардаанд, ҷавобгар мешаванд. Ташхиси якум ба он хотир худкушӣ гуфта буд, ки аксари захмҳо ба зарба монанд нестанд, фақат дастону гардан бурида шудаанд.”,--гуфт ӯ.
Шарбону, модари Манора мегӯяд, духтараш ҳеҷ гоҳ дар бораи худкушӣ ҳарф намезад. Ба гуфтаи ӯ, духтараш дар хонави шавҳараш зиндагии хуб надошт ва шавҳараш ҳамеша ӯро ба талоқ таҳдид мекард.
“Колеҷи тиббиро дар ноҳия тамом карда буд. Мегуфт, ки агар ҷудо шавад, аз рӯйи ихтисосаш кор мекунад ва се фарзандашро саробонӣ мекунад. Ҳеҷ вақт дар бораи худкушӣ гап намезад. Ҳамеша дар бораи кӯдаконаш фикр мекард, ғами онҳоро мехӯрд, ки азоб накашанд. Хушдоманаш бо ӯ ҷанг карда буд ва шавҳараш маҷбур мекард, ки аз модари ӯ бахшиш пурсад. Ӯ мерафт, вале хушдоманаш намебахшид. Дар он оила чӣ гап буду, ба духтарам чӣ мекарданд, мо пурра намедонем.”,--гуфт ӯ.
Пайвандони шавҳари Манора ба тамосҳои батакрори телефонӣ посух надоданд.
Ҳодиса пас аз чанд рӯзе иттифоқ афтодааст, ки ин занро аз хонаи шавҳараш ба манзили хурде дар маркази ноҳияи Файзобод мекӯчонанд. Замони ҳодиса ду духтар ва як писари хурдсоли ӯ дар ошхонаи манзили зист будаанд. Ҳамсояҳо низ гуфтаанд, ки ҳеҷ садоеро нашунидаанд, вале ҳамон рӯз чанд наздики шавҳари Манораро дидаанд, ки вориди манзили ин зан шудаанд. Исми он нафаронро онҳо ба мақомот гуфтаанд.
Манора соли 2015 ба як сокини ноҳия издивоҷ кардаааст. Аз ӯ се фарзанд мондааст, ки калонаш панҷсола ва хурдиаш шашмоҳа аст.
Маъмулан, ҳодисаҳои куштор ва ё худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон зиёд рӯх медиҳанд, вале барои рабт додани ин ду омил дар қазияи марги Манора ҳанӯз далели рӯшане пайдо нашудааст.