Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси Кӯлоб боздошт шуд. ВИДЕО


Сӯҳроб Раҳимов
Сӯҳроб Раҳимов

Зидди Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ – "қаллобӣ" ва "суистифода аз ваколатҳои мансабӣ" – парванда кушодаанд, вале тафсилоти айбнома дастрас нест. Ӯ рӯзи 5-уми июли имсол дар маҳалли кор дастгир шуда, феълан таҳқиқи парвандааш аз сӯйи додситонии минтақа идома дорад. Назари пайвандону вакили дифоаш ба қазия маълум нест.

Як манбаъ дар Додситонии минтақаи Кӯлоб бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "боздошти муовини шаҳрдор аз тарафи маъмурони амниятӣ сурат гирифт". Ба иттилои ӯ, "ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ аст."

Сӯҳроб Раҳимов соли гузашта муовини раиси ҳукумати Кӯлоб дар умури сохтмон таъин шуда буд. Боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки нашрияи мустақили "Пайк" моҳи декабри соли 2020 Раҳимовро барои ба тиҷорат машғул шудану насупоридани ҳаққи истифодаи барқ танқид кард.

Ин масъала дар нишасти матбуотии шаш моҳ пеш дар ҳукумати Кӯлоб низ дар миён гузошта шуд ва Сӯҳроб Раҳимов чунин посух дода буд: "Хонаи шахсӣ аст, чанд нафарро шинондам, магар соҳибкор ба ҳисоб меравам? Хона холӣ буд, дар онҷо чаҳор студент шинондаам, чӣ гуноҳ кардам?"

Ҳоло дақиқ нест, ки боздошти ӯ ба ин баҳс бастагӣ дорад ё ҳодисаи дигаре дар миён аст. На мақомот ва на пайвандонаш тафсилот намедиҳанд.

Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси Кӯлоб боздошт шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Моддаҳое, ки бар асоси он Сӯҳроб Раҳимовро гунаҳкор медонанд, товон ё то 5 сол маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

Сӯҳроб Раҳимов дар гузашта раиси корхонаи идораи об ва “Ниҳолпарварӣ”-и шаҳри Кӯлоб буд.

Дар солҳои охир ин дуюмин мансабдори баландпоя дар ҳукумати Кӯлоб аст, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва суистифода аз мансаб дастгир мешавад. Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб, ки дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ низ кор кардааст, моҳи июни соли 2020 дастгир ва ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум шуд, ҳарчанд ӯву пайвандонаш ҳукмро ноодилона хонданд.

XS
SM
MD
LG