Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Бег Сабур ба Олимпиадаи Токио роҳхат гирифтааст


Сиёвуш Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ
Сиёвуш Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ

Сиёвуш Зуҳуров, писари раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур дар намуди бокс ба Олимпиадаи Токио роҳхат гирифтааст. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки Сиёвуш Зуҳуров 11-умин варзишгари тоҷик аст, ки ба Олимпиадаи Токио роҳхат мегирад.

Ба қавли манбаъ, "Сиёвуш тавассути радабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони иштирок дар 32-юм Бозиҳои Олимпиадаро дар вазни +91кг пайдо намуд. "

Сиёвуш Зуҳуров 28-сола дорад ва соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистон мақоми аввалро касб карда буд.

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва падари Сиёвуш аз соли 2015 раиси Федератсияи бокси кишвар аст. Бег Сабур соҳиби чаҳор писар мебошад ва Сиёвуш писари дуввуми ӯст.

XS
SM
MD
LG