Пайвандҳои дастрасӣ

 
Сокинон дар Афғонистон барои раҳоӣ аз дарди дандон ба чӯби мазор мех мекӯбанд
Хабари нав

Сокинон дар Афғонистон барои раҳоӣ аз дарди дандон ба чӯби мазор мех мекӯбанд


Мехкӯбӣ ба чӯби мазор ба умеди раҳоӣ аз дарди дандон дар Афғонистон
Мехкӯбӣ ба чӯби мазор ба умеди раҳоӣ аз дарди дандон дар Афғонистон

Дар Афғонистон теъдоди онҳое, ки ба зиёратгоҳе барои талаби шифо аз беморие мераванд, зиёд аст, ҳарчанд баҳс дар байни уламои исломӣ дар бораи дурустии ин кор кам намешавад. Дар Урузгон яке аз вилоятҳои ҷанубии Афғонистон, ки мазорҳои зиёде дорад, ҳатто зиёратгоҳе вуҷуд дорад, ки мардум барои тарсонидани мору каждум ба онҷо мераванд.

Дар мазоре дар деҳаи Сарчинхел дар вилояти Урузгони Афғонистон, бархе аз сокинон бовар доранд, ки бо кӯбидани мех ба чӯби мазор дарди дандон таскин меёбад. Вакил Аҳмад 22-сола яке аз чунин эътиқодмандон аст, ки чанд рӯз боз аз дарди дандон азоб мекашад. Бовар дорад, ки бо кӯбидани мех ба чӯб ва дуохонӣ дар ин зиёратгоҳ дарди дандонаш мемонад. Қаблан ҳам як мехе бо умеди шифо ба инҷо кӯбидааст. “Дандонам дард мекард. Мардум ба ман гуфтанд, ба ин зиёратгоҳ биёяму мех бикӯбам, дандонам сиҳат мешавад. Ман ҳам омадаму ин корро кардам"-, мегӯяд ӯ.

Маълум нест, рӯзона чанд нафар барои дуову зиёрат ба инҷо меоянд, вале ҳазорон мех ва чӯби монанд ба хорпушт, баёнгари он аст, ки ҳазорон нафар бо талаби шифо омадаанд. Инҷо мазори Муҳаммадазими Ако, сокини шаҳри Тиринкут аст, ки ба қавли мардум дар замони ҷанг бо сарбозони Шӯравӣ кушта шудааст.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Оё зиёрати мазор ба нияти шифо дуруст аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Ба инҷо ҳамчунон мардуме меоянд, ки дар гирду атрофи хонаашон хазандагон ба мисли мору каждум зиёд аст. Муҳаммад посбони ин мазор меӯяд, ​"зиёратгоҳ барои эмин мондан аз хазандагон мисли мору каждум аст. Андаке аз хоки ин зиёратгоҳро ба хона мебарем, хазандагонро гум мекунад. Ё мо онҳоро мебинем, вале онҳо касеро хӯрда наметавонанд.” Эътиқод ба шифобахшии зиёратгоҳҳо дар байни рӯҳониёни Афғонистон мавзӯи баҳсбарангез аст. Бархеҳо зиёратгоҳҳоро муқаддас, бархе дигар эътиқод ба зиёратгоҳҳоро ширк медонанд. Гурӯҳи дигар мегӯянд, рафтан ба зиёратгоҳҳо мушкиле надорад, ба шарте, ки мардум барои дуо ва ибодат бираванд.

Мавлавӣ Раҳимуллоҳ, як руҳонӣ дар Афғонистон мегӯяд, "аз назари дини Ислом вақте ба зиёратгоҳ меравед, шифоро аз Худованд бихоҳед, на аз зиёратгоҳ. Барои мурда дуо кунед ва агар хайрот мекунед, дар хона хайр кунед. Бигӯед, Худоё савобашро ба фавтидагони мо бирасон. Он дуо ва хайрот расонида мешавад".

Урузгон яке аз он вилоятҳои Афғонистон аст, ки зиёратгоҳҳои зиёде дорад. Мардумони вилоятҳои ҳамсояи Қандаҳору Ҳилманд низ ба он ҷойҳо меоянд ва фикр мекунанд, ки дуо кардан дар зиёратгоҳҳо мушкилашонро ҳал мекунад.

XS
SM
MD
LG