Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти мақбараи падари "Шайх Темур" такрор мешавад?


Мақомоти расмӣ дастур додаанд, мақбараҳои бузургеро, ки дар оромгоҳҳои Тоҷикистон бидуни иҷоза сохта шудаанд, вайрон кунанд.

Тафтиши оромгоҳҳо ва қонунӣ будани бунёди мақбараҳоро Раёсати навтаъсиси назорати замин дар Додситонии кулли Тоҷикистон якҷо бо кормандони кумитаҳои замин ва ҳукумати ноҳияву шаҳрҳо анҷом медиҳанд.

Як мақоми расмӣ дар вилояти Хатлон, ки ба ин кор машғул аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз оромгоҳҳо санад надоранд ва дар баъзе шаҳру навоҳӣ сокинон заминҳои киштро ба гӯристон табдил додаанд. Дар баъзе ҷойҳо, ба қавли ӯ, сокинон замини қабристонро ишғол карда, хона сохтаанд.

Ӯ рӯзи 19-уми май гуфт, зимни тафтиш маълум шуд, ки ҳеҷ яке аз мақбарҳо дар вилоят санади расмӣ надоранд: "Бар асоси қарори ҳукумат "Дар бораи тартиби нигаҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо" фақат мақбарҳое бояд ҳифз шаванд, ки аҳамияти таърихӣ доранд. Дигар мақбараҳое, ки ҷойи зиёдро дар гӯристон ишғол кардаанд ва агар соҳибонашон аҳамияти таърихӣ доштани онҳоро исбот накунанд, бар асоси қонун вайрон карда мешаванд. Мақбараҳое, ки хурд ҳастанд ва ҷойи зиёдро нагирифтаанд, шояд боқӣ монанд."

Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон афроди доро болои қабри падару модарони худ мақбараҳои бузурге сохтанд, ки ба гуфтаи мақомот, санади расмӣ надоранд ва ба талаботи меъморӣ ҷавобгӯ нестанд. Ҳоло дар Тоҷикистон сохтани мақбара дар болои гӯрро манъ кардаанд.

Маъмулан, дар садсолаҳои гузашта мақбара болои гури рӯҳониёни шинохта бунёд мешуд, ки ҳукумат ҳоло онҳоро “мероси таърихӣ-фарҳангӣ” эътироф мекунад. Чунин мақбараҳо, ки таърихи аз садсола бештар доранд, дар бисёре аз шаҳру навоҳӣ дида мешаванд ва макони зиёрати мардуми эътиқодманд ҳастанд.

Аммо замони ҷанги шаҳрвандӣ сохтани мақбараҳои шабеҳ ба мақбараҳои қадим болои оромгоҳи волидайни афроди сарватманд мӯд шуд. Аксари ин мақбараҳо, бо меъмории хос болои қабри падару модари ин ё он мансабдор ва фарди сарватманд ҳоло ҳам ҳаст.

Ду соли пеш мақомот яке аз чунин мақбараҳоро дар шаҳри Ваҳдат вайрон карданд ва он ба мақбараи падари Шайх Темур, як рӯҳоние буд, ки бо гуноҳи мардумфиребӣ ба зиндон маҳкум шуд ва ҳукмашро адо мекунад.

Мақомот гуфтанд, ки Шайх Темур бо “авлиё” ва “пайғамбари охирзамон” хондани худ мардумро фиреб карда, сарвати зиёде ғундошта ва мақбараро аз ҳамин ҳисоб сохтааст.

Умед Муродов, раиси ҷамоати Бозорбой Бурҳонови шаҳри Ваҳдат, ки мақбараи падари Шайх Темур он ҷо буд, мегӯяд, мақбара бо мармари гаронбаҳо сохта шуда буд. Вай афзуд: “Се-чор рӯз барои вайрон карданаш сарф шуд. Маълум буд, ки пули зиёд сарф шудааст. Аз ҳамон вақт эътиборан, мо ин масъаларо назорат мекунем ва ба касе иҷозат намедиҳем, ки болои гӯри наздикони худ мақбара созад.”

Сафар Раҳимов, муовини раиси Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон мегӯяд, дар ибтидо сокинон барои гум нашудани гӯри гузаштагонашон мақбараҳои оддӣ месохтанд, вале баъдан, хилофи қонун ба сохтмон даст заданд.

Онҳое, ки барои падару модари хеш мақбара сохтаанд, намехоҳанд, ки онҳоро вайрон кунанд. Сайфулло Носиров, як соҳибкор дар вилояти Хатлон, ки соли 2001 болои мадфани падараш мақбара сохтааст, мегӯяд, ин корро барои эҳтироми рӯҳи падараш анҷом додааст.

Ӯ гуфт, падараш солҳои тӯлонӣ омӯзгор буд ва умедвор аст, ки мақомот онро ҳамчун иншооти таърихӣ вайрон намекунанд:

“Ҷойи зиёдро нагирифтааст. Як ободӣ дар дохили қабристони вайрона чӣ бадӣ дорад? Бигзор дар қабристонҳои вайрона ҳамин иншоот монанд. Омӯзгор ҳам таърих бояд дошта бошанд. Ҳар як одами одӣ бояд таърих дошат бошад.”

Соли 2017 қарори ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи тартиби нигаҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо” тасвиб шуд, ки бар асоси он қабристонҳо ва шеваи дафн танзим мешавад. Мувофиқи ин қарор андозаи як қабр набояд аз 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳно бештар бошад. Санги хотиравӣ болои гӯрҳо низ набояд аз 1,5 метр баланд бошад.

XS
SM
MD
LG