Хулуси Акар, вазири мудофиаи Туркия ба Тоҷикистон омада, масъалаи мубориза бо терроризмро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои Туркия, мубориза бо созмони ФЕТО-и Фатҳуллоҳ Гюлен, аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯи Хулуси Акар бо мақомоти тоҷик будааст.
Тибқи иттилои хабаргузории давлатии Туркия -- "Анадолу", Хулуси Акар дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо гуфтааст, кишвараш омода аст, ки дар бахши мудофиа ва амният бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Ба гуфтаи Акар, Туркия ҳамчунин мехоҳад, таҷрибаи худро дар мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти марзҳо бо Тоҷикистон дар миён гузорад.
Мақомоти тоҷик дар бораи сафари Хулуси Акар хабаре нашр накардаанд. Вале хабаргузории расмии "Анадолу" навиштааст, Хулуси Акар дар мулоқот бо мақомоти тоҷик, мубориза бо ташкилоти ФЕТО-ро дар миён гузошта, "инро муҳим хондааст".
Ҳукумати Туркия, созмони ФЕТО-ро ба Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии туркро рабт дода, онро дар кӯшиши табаддулоти соли 2016 муттаҳам мекунад. Худи Фатҳуллоҳ Гюлен, ки феълан дар Амрико ба сар мебарад, иттиҳоми ҳукумати Туркияро беасос мехонад.
Хулуси Акар, вазири мудофиаи Туркия пеш аз сафар ба Тоҷикистон дар Қирғизистон буд ва бо мақомоти қирғиз ҳам масъалаи мубориза бо созмони ФЕТО-ро дар миён гузошт.