Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гузориш дар бораи "табақҳои паррон"-ро нашр мекунад. ВИДЕО


Акс аз вазорати дифои Амрикост.
Акс аз вазорати дифои Амрикост.

Вазорати дифо, Хадамоти Таҳқиқоти Федеролӣ ва дигар ниҳодҳои амниятӣ ва ҷосусии Амрико дар бораи табақҳои паррон чӣ медонанд? Ҳамин ҳафта гузорише дар ин бора дар Амрико нашр мешавад.

Коршиносон мегӯянд, ин гузориш посухи зиёде дар бораи ашёи ношиносу ҳайратангез надорад, балки мумкин аст, суолҳои зиёдеро дар бораи рақибони Амрико ба миён оварад. Гузориши деринтизор дар бораи табақҳои паррон ин ҳафта ба Конгресс мерасад.

Дар гузориш 120 мавриди парвози абзорҳои номаълум зикр шудааст. Мақомоти расмӣ ба нашрияи “Ню Йорк Таймс” гуфтаанд, намедонанд, ин сафинаҳо чӣ ҳастанд. Таҳқиқи табақҳои паррон баъди он оғоз ёфт, ки неруҳои амрикоӣ батакрор парвози ғайриоддиву фавқуллодаи абзорҳои ношиносро диданд. Луис Элизондо соли 2008 таҳқиқи Пентагон дар ин мавзуро раҳбарӣ мекард.

Ӯ мегӯяд: “Ин мушоҳидаҳои мутахассисони варзидаи ниҳодҳои пешрафтаи Амрико аст. Инҳо киштиҳои воқеӣ ва дар қаламрави ҳавоии мо буданд, вале намедонем, чӣ ҳастанд.”

Мақомоти Амрико асрори табақҳои парронро ошкор мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Вакилони амрикоӣ мегӯянд, фурсати он аст, маълум кунанд, ки ин абзорҳо барои Амрико чӣ хатар доранд. Дар гузориш ба он тамаркуз мешавад, ки мумкин киштиҳо аз рақибони Амрико бошанд. Шояд Чину Русия онҳоро сохтаанд. Гумон аст, мегӯяд, Марик Вон Ренненкампф, таҳлилгари низомӣ, ки дар аҳди Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Амрико кор кардааст. Ӯ меафзояд: “Мо медонем, ки Чин барои сохтани муҳаррики оддии ҳавопаймоҳои ҷангӣ даступо мезанад, барои ҳамин дар пайи ҷосусӣ ҷиҳати ба даст овардани фанновариҳои низомист. Буҷаи низомии Русия як тиккаи буҷаи низомии Амрико нест.”

Бо назардошти иттилооти кам, мутахассисон мегӯянд, ҳоло барвақт аст, бигӯем, ки табақҳои паррон абзори пешрафтаи кишваре ҳастанд. Назари Тодд Ҳаррисон аз Маркази Мутолиоти Стротегӣ ва Байналмилалӣ чунин аст: Шояд инҳо чизе бошанд, ки мо интизор надоштем ва қаблан ҳам надидаем. Агар кори дасти Чин, Русия ва ё кишвари дигаре бошанд, пас ин дар воқеъ намоёнгари нотавонии хадамоти истихборотии мо аст.”

Гузориш дар бораи табақҳои парронро ним сол омода кардаанд ва он далелҳоеро дар бар мегирад, ки солҳои зиёд ҷамъ шудаанд. Хулосаи қатъӣ дар он нест, ки табақҳои паррон аз кайҳон омадаанд, вале инро ҳам сарфи назар накардаанд. Марик Вон Ренненкампф, таҳлилгари низомӣ: “Ончӣ ки мо аз кормандони ҳукуматӣ фаҳмидем ин аст, ки фурсати зиёде барои таҳияи гузориши фарогир набуд. Мо таҳлили даркорӣ дар ин бора надорем. Ин тарҳи дарозмуддатест ва ин кори дуруст аст.

Дар Чин, ки ба гуфтаи як рӯзномаи давлатиаш табақҳои парронро таҳқиқ мекунанд, ангушти ишорат ба суи Амрико аст, ки шояд ингуна абзори ҳайратангезро худаш сохта бошад.

Дар ин видео, ки моҳи марти соли 2020 бардошта шудааст, баъзе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, бовар доранд, ки ин танҳо одамон нестанд, ки дар кайҳон хона доранд. Махлуқоти дигар ҳам шояд дар ин кайҳони бепаҳно ҷое хонаву сарпаноҳ доранд. Худатон бубинед.

Донишманди тоҷик мегӯяд, мавҷудоти осмонӣ вуҷуд дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG