Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси наву куҳна. Симои нави Душанбе дар остонаи 30-солагии истиқлол. ВИДЕО


Сохтмони манораи “Истиқлол ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе
Сохтмони манораи “Истиқлол ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе сохтмони “Боғи Истиқлолият” дар масоҳати 30 гектар идома дорад. Сохтмони ин боғ, ки дар ҳоли анҷомёбист, дар ҷои маҳаллаи зисти сокинон, чанд корхона, бинои нави Бонки миллӣ дар маркази Душанбе бунёд мешавад. Қаррор аст ин боғ то рӯзи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ мавриди истифода қарор бигирад.

Агар нафаре 5 соли ахир дар Душанбе набуд, эҳтимол бисёре аз хиёбонҳои пойтахтро фарқ накунад. Зеро биноҳои 15-20 ошиёна ба истилоҳ мисли "занбуруғ" ба ҷои биноҳои кӯҳнаву камошиёна қомат боло меафрозанд. Теъдоде аз сокинон бар инанд, ки бояд чунин бошад ва ҷои тамоми манзилҳои пасту кӯҳнаро баландманзилҳои ороставу муосир иваз кунад:

Қаҳҳор Олимов, сокини Душанбе мегӯяд, масоҳати заминҳои пойтахт кам асту аҳолӣ баракс бештар мешавад. Ӯ мегӯяд, "шаҳрамонро ҷояш танг аст. Заминҳои обиро иҷозат намедиҳанд. Як олим гуфтааст, ки рафта-рафта дар Тоҷикистон сари ҳар одам 2 сотихи замин мерасидааст. Барои ҳамин баландошёна сохта истодаанд."

Аксари ин дигаргуниҳои зоҳирии симои Душанбе бар асоси Нақшаи генералии сохтмони шаҳр сурат мегирад. Теъдоде аз сокинон аз он нигаронанд, ки бархе биноҳои баландманзили азим шароитҳои оддии зиндагиро надоранд.

Нигина Шарипова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, дар назди аксар биноҳои навсохт майдончаи кӯдакон нест. "Хатти оби гарм гузаронидагӣ нест дар ин биноҳо. Биноҳо тамоман обод шудагӣ нест дарунаш. Комиссия қабул накард"-, гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Душанбе ба ҷашни 30-солагии истиқлол омода мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Дар мавҷи дигаргунсозии симои пойтахт, дар баробари биноҳои воқеан ҳам қадимиву фарсуда, бархе биноҳое низ тахриб мешаванд, ки ба таърихи Тоҷикистон рабт мегирад. Коршиносон ва муаррихон бар инанд, ки ин гуна биноҳо барои наздикони афроде, ки дар гузашта дар сохтмони он ширкат доштанд ва ё дар он кор кардаанд, арзиши баланд дорад.

Ҷура Латипов, коршиноси тоҷик мегӯяд, бино ва осори таърихиро эҳтиёт бояд кард. "Чунки инҳо инъикоси ҳаёти мардум аст, инҳо таърихи мардуми ҳамин шаҳр ҳастанд. Бар ивази ин биноҳо хонаҳои наве, ки месозанд, ҳарчанд инҳо ҳам лозим аст, лекин он сохтмонҳо на бар зарари биноҳои таърихӣ бояд бино шаванд".

Дар шаҳри Душанбе ҳамчунин барои бунёду тавсеаи роҳҳои мошингард низ шумораи зиёди манзилҳои зист, дукону мағозаҳо тахриб мешаванд. Албатта бар ивази ҷуброни молӣ. Вале мавридҳое зиёд буд, ки сокинон аз маблағи ҷуброн розӣ набуданд ва ҳатто муддате намехостанд манзилҳои зисташонро тарк кунанд.ғ

XS
SM
MD
LG