Пайвандҳои дастрасӣ

 
Аз майдоншинӣ дар Хоруғ то эътирози Рӯшон. ВМКБ пас аз 13 соли нахустин эътирози сиёсӣ
Хабари нав

Аз майдоншинӣ дар Хоруғ то эътирози Рӯшон. ВМКБ пас аз 13 соли нахустин эътирози сиёсӣ


Саршавии тазоҳурот дар маркази Хоруғ, пойтахти Вилояти Мухтори Куҳистони Тоҷикистон, 18 июни соли 2008
Саршавии тазоҳурот дар маркази Хоруғ, пойтахти Вилояти Мухтори Куҳистони Тоҷикистон, 18 июни соли 2008

18 июни соли 2008 дар Хоруғ нахустин гирдиҳамоӣ алайҳи амалкардҳои мақомоти марказӣ оғоз шуд, ки дар он садҳо нафар ҷамъ омаданд. Эътирозҳо се рӯз идома карда, бо созиши байни маъмурони амнияти ва фармондеҳони саҳроии маҳаллӣ ба поён расиданд. Аммо тавре вақт нишон дод, ин оғози рӯёрӯие буд, ки дар солҳои 2012 ва 2014 ба задухӯрди мусаллаҳонаву қурбон шудани одамон ва коҳиши эътимод байни ҳукумат ва мардум оварда расонд. Бо гузаштани сездаҳ сол тирандозӣ дар минтақа бас шуд, ҳукумати нав сари кор омад ва назорати низомӣ шиддат гирифт. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, вазъ беҳтар шуд, вале мушкилоти иқтисодӣ бетағйир монд.

Эътироз аз тасмими ба минтақа ворид кардани 1200 сарбоз маншаъ гирифт. Мақомот даровардани артишро ба зарурати таҳкими марз бо Афғонистон асоснок мекарданд, аммо норозиён ин кори ҳукуматро талоши саркӯби мухолифони сиёсӣ медонистанд. Яке аз созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ Алим

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Шерзамонов он вақт раиси бахши вилоятии ҲСДТ дар минтақа буд ва ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунад. «Мо моҳи март ариза барои баргузории гирдиҳамоиро пешниҳод карда будем. Эътироз пеш аз ҳама ба додани замин ба Чин ва додани шаш деҳаи ноҳияи Дарвоз ба Тавилдара буд, ки бе розигии маҷлиси вакилони халқи вилоят ҷараён гирифт», - мегӯяд Шерзамонов ва илова мекунад, ки аммо дар пайи гуфтушунидҳо қарор шуд, ки гирдиҳамоӣ ба вақти дигар гузошта шавад.

Нофаҳмиҳо бо нерӯҳои амниятӣ аз он сар шуд, ки рӯзи 14 март чанд корманди додситонӣ дар ноҳияи Роштқалъа аз тарафи сокинони маҳаллӣ бо гумони тамаъҷӯӣ латукӯб шуданд. Онҳое ки ба тазоҳурот баромаданд, истеъфои мансабдоронеро талаб карданд, ки сӯйи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минтақа таъин шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот ваъда дода буданд, ки дар тӯли ду моҳ тағйироти кадрӣ анҷом медиҳанд, аммо ҷойи ин ба овардани ҳарбиён ба минтақа шурӯъ карданд, ки боиси тазоҳуроти худҷӯши моҳи июн шуд.

Ба гуфтаи Шерзамонов, ҳамоиши эътирозии серӯза баъд аз созиш бо мақомот ва ваъдаи баровардани нерӯҳо аз минтақа пароканда шуд.

Пас аз он мақомоти интизомӣ хабар доданд, ки фармондеҳои маҳаллӣ 60 мил силоҳро супурданд ва дар посух афв шуданд.

Сулҳи ноустувор

Оромӣ дар минтақа моҳи июли соли 2012, вақте дигарбора баҳам хӯрд, ки Абдулло Назаров, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, дар шароити мармуз кушта шуд. Мақомот яке аз пешвоёни ғайрирасмӣ, Толиб Айёмбековро, ба қатли ӯ гунаҳкор кард ва дар Хоруғ амалиёти вижаеро барои дастгир кардани Айёмбеков роҳ андохт, ки дар натиҷа 23 низомӣ ва 21 ғайринизомӣ кушта шуданд.

Ба норомиҳои моҳи майи соли 2014 дар Помир тирпарроние баҳона шуд. Бино бар хабарҳо, кормандони ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ ба сӯйи яке аз мошинҳо дар ҷойи серодами шаҳр тир кушоданд, ки дар натиҷа се кас кушта ва

Сӯхтор дар Хоруғ, 21 майи соли 2014.
Сӯхтор дар Хоруғ, 21 майи соли 2014.

чор нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба фарзияи расмии ВКД Тоҷикистон, кормандони ОМОН-и маҳаллӣ амалиёти боздошти аъзои эҳтимолии гурӯҳи нашъаҷаллобро анҷом медоданд, ки ба гуфтаи кормандони интизомӣ, таҳти пайгард буданд.

Ин воқеаҳо сабаби эътирозҳои оммавӣ ва оташ задани биноҳои Раёсати корҳои дохилӣ, додгоҳ ва додситонӣ дар Хоруғ шуданд.

Вақт чиро дигар кард?

Шоир ва сароянда Саш Заифӣ, ки бо сурудҳои интиқодияш дар Бадахшон маъруф аст, яке аз онҳое буд, ки соли 2008 дар як ҳамоиш алайҳи вуруди нерӯҳо ба минтақа фаъолона суханронӣ мекард. "Шояд он вақт касоне буданд, ки ғаразҳои сиёсӣ доштанд, аммо он вақт барои он рафтам, ки намехостам дар ҳавлии худ сарбозони мусаллаҳро бубинам ва фикр мекардам, ки бо роҳи низомӣ ҳал кардани масоили хурду реза ба ҳеч чизи хубе намеорад", - мегӯяд Заифӣ.

Бо гузашти сездаҳ сол, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, тағйироти мусбат хеле кам аст. “Дар замони шӯравӣ мо осорхона доштем, онро баъдан тахриб карданд. Ҳоло ҷойи онро бозор гирифтааст, ки мо танҳо ба дидани он меравем, зеро имкони харидан надорем. Шароити душвори зиндагӣ ба он оварда расонд, ки агар қаблан падару модар ба фарзандони худ тавсия медодаанд, ки таҳсил кунанду ба ватани худ хидмат кунанд, акнун онҳоро маҷбур мекунанд, ки таҳсил кунанду аз инҷо ба ҷойҳои беҳтаре барои ҳамеша бикӯчанд".

Аз моҳи октябри соли 2018 дар ҳудуди вилоят Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартибот амал мекунад, ки пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи ҷиноӣ дар минтақа таъсис дода шудааст. Бо вуҷуди ин, дар вилоят то ҳанӯз дигариҳо миёни мақомоти қудратӣ ва сокинон сар мезананд.

«Дар тӯли ин солҳо вазъ каме тағйир кардааст. Ҷонибҳо (мақомот ва гурӯҳҳо - Озодӣ) бар сари чизе бо ҳам даргир мешаванд ва бар сари чизе тавофуқ мекунанду раванд идома мекунад. Вазъи иҷтимоию иқтисодӣ беҳтар намешавад, ки ин рӯҳияи саркашии ҷавонони маҳаллиро боло мебарад”, - шарҳ медиҳад рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова.

Раҳбарони вилоят хушбинанд

Раҳбари вилоят Ёдгор Файзов, ки соли 2018 дар пасманзари даври дигари пархошҳо ба ин мансаб таъин шуда буд, рӯзи 17 июн ба Радиои Озодӣ аз беҳбуди вазъи сиёсии минтақа ҳарф зад.

Ёдгор Файзов
Ёдгор Файзов

- Ҳоло дар ин ҷо сабабу баҳонае барои гирдиҳамоиву тазоҳурот дигар ҷой надорад, зеро ман барои муколама бо ҳама, дар ҳама ҷо ва ҳар вақт омодаам. Дар давраи кори ман ду гирдиҳамоӣ баргузор шуд, аммо мо талош кардем, ки бо мардум рӯйирост бошем, бо забони онҳо ҳарф занем, хатоҳои худро эътироф кунему хатоҳои онҳоро нишон диҳем. Аз ҳама муҳим он аст, ки мо тавонистем имиҷи сиёсии минтақаро беҳтар кунем. Онҳое, ки ин ҷо меоянд, мутмаинанд, ки мардум одамони одие ҳастанду минтақа ором аст, бар хилофи он чизе аст, ки моро муаррифӣ карданӣ буданд.

Файзов ба суоли ин ки, бо фармондеҳон пешини саҳроӣ чи равобите доранд, посух гуфт, ки байни онҳо мавридҳои ҳамбастагӣ ва ҷудоӣ мавҷуд аст.

- Ман ба як чиз бовар доштам ва кӯшидам, ки инро ба раҳбарияти кишвар бирасонам, ки гурӯҳҳои маҳаллӣ ҳадаф ва ғаразҳои сиёсӣ надоранд. Онҳо нақшаи ба даст овардани қудрат ва ғайра надоранд. Мо дар бисёр масъалаҳо ихтилофи назар доштем ва хоҳем дошт, аммо мавридҳое ҳастанд, ки манфиатҳои муштарак пайдо мекунем. Масалан, ҳангоми нотинҷ шудани вазъи Исфара онҳо омада гуфтанд, ки омодаем биравем. Онҳо алоқамандиҳое доранд, ки ҷое хусусияти ҷиноӣ дорад, дидгоҳҳои худро ба ҳалли баъзе масъалаҳое ноодилона доранд, аммо вақте сухан дар бораи миллату давлат меравад, мо ваҳадти назар дорем, якҷоя ҳастем.

Ёдгор Файзов ҳамчунин равобиташро бо неруҳои ба вилоят эъзомшуда низ шарҳ дод: "Дар ибтидо мо мухолифатҳо доштем, хусусан вақте ки онҳо мехостанд ҳама масъалаҳоро бо роҳи зӯр ҳал кунанд. Аммо оҳиста-оҳиста дарк карданд, ки бархӯрд бо ин мардум бо роҳи мусолиматомез ва мунсифонаву дӯстона беҳтар хоҳад буд. Аммо ҳоло ҳолатҳое мешавад, ки ман байни мардуму нерӯҳои амниятӣ ба унвони адвокат ё сулҳхоҳ меистам, лаҳзаҳое ҳаст, ки мо баҳсҳои шадид мекунем, аммо дар маҷмӯъ вазъи ҳама чиз хеле оромтар аст."

Ба гуфтаи раиси вилоят, дар се соли кораш дар шаҳр биноҳои нав сохта мешаванд, зерсохторҳои шаҳр бунёд карда мешаванд, аммо мушкилот ва ба андозаи онҳо интизориҳои мардум зиёданд.

ВМКБ аз нигоҳи ҳудуд бузургтарин минтақаи Тоҷикистон аст. Аҳолии он тақрибан 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад (5% аз шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон). Аксари ин аҳолӣ дар Русия кор ва зиндагӣ мекунад. Сатҳи камбизоатӣ дар минтақа тақрибан 40% ва дар дигар минтақаҳо 20-30% -ро ташкил медиҳад.

Ба маълумоти расмӣ, ба минтақа 2,1% (44) корхонаҳои саноатӣ ва 0,7% маҳсулоти саноатии ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатии кишвар рост меояд.

XS
SM
MD
LG