Дафтари додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хабар додааст, ки муроҷиати гуруҳе аз фаъолони Қирғизистонро роҷеъ ба низои мусаллаҳонаи ахир дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дарёфт карда, ба қайд гирифтааст.
Сания Токтогазиева, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқ дар Қирғизистон иттилоъ дод, ки посухи додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро рӯзи 14-уми июн дарёфт карданд.
Як гурӯҳ аз фаъолони мадании Қирғизистон рӯзи 6-уми июн ба додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муроҷиат карда, хостаанд, ба зидди раҳбарияти Тоҷикистон бо гумони, ба иддаои онҳо, "ҷинояти ҳарбӣ алайҳи сокинони осоиштаи Қирғизистон" тафтишот оғоз карда шавад.
Токтогазиева он замон гуфта буд: "Бо истифода аз ҳуқуқе, ки банди 5-и Асосномаи Рум пешбинӣ мекунад, аз номи қурбониёну ҷомеаи маданӣ ба унвони додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муроҷиатнома фиристодам. Дархост кардам, ки ба зидди сарфармондеҳ ва низомиёни Тоҷикистон бар асоси банди 53-и Асосномаи Рум бо гумони содир кардани ҷинояти ҳарбӣ алайҳи сокинони осоиштаи Қирғизистон тафтишот оғоз карда шавад."
Ба гуфтаи вай, зери ин муроҷиатнома як қатор ҳомиёни ҳуқуқ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқшиносон имзо гузоштаанд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба таври ҷудогона ба зидди саркардагони низои мусаллаҳона дар марз парванда кушода, ба таҳқиқи худ идома медиҳанд. Бо вуҷуди он ки ду тараф якдигарро ба шурӯи даргирии хунин масъул медонанд, ҳанӯз хулосаи ниҳоии худро эълон накардаанд.
Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъ сар зад. Дар ин муноқиша дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд.