Сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ аз сохтани як девор дар мавзеи баҳсӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷилавгирӣ кардаанд.
Сохтмони ин девор, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз ҷониби як сокини маҳалаи "Учтеппа"-и деҳаи Оқсой ду рӯз пеш оғоз шуд, вале дар машварат бо ҷониби Қирғизистон қатъ шуд. Мақомоти қирғиз ҳанӯз дар ин бора назар надодаанд.
Навори оғози сохтмони ин девор рӯзи 14-уми июн дар Инстаграм нашр шуд ва норизоии сокинони деҳаи Хоҷаи Аълоро ба бор овард. Сокинон ва мақомоти тоҷик маҳали сохтмони деворро баҳсӣ медонанд.
Абдухалил Шарифов, раиси собиқи маҳаллаи Хоҷаи Аъло рузи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинони деҳа шоми дирӯз ҷамъ шуда, бо соҳиби ин манзил суҳбат карданд ва ӯ аз идомаи деворсозӣ даст кашид.
“Суҳбати мо бо соҳиби хона дар рӯҳияи ҳамсоядорӣ буд ва мо якдигарро хуб фаҳмидем.”,--гуфт Шарифов.
Сокинони Хоҷаи Аъло мегӯянд, аз миёни деҳаи онҳо ва Оқсой канали "Масчоҳӣ" мегузарад ва ҳанӯз хатти байни ин ду мавзеъ ташхису аломатгузрӣ нашудааст. Аз ин рӯ, бар асоси созишномаҳо, на аз ҷониби ҳамсоя ва на аз ин тараф, ҳеҷ сохтмон иҷоза нест.
Як намояндаи ҳукумати шаҳри Исфара рузи 15-уми июн гуфт, баъди шикояти сокинон аз сохтмони девор дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Имом Аъзами деҳаи Хоҷаи Аъло бо масъулони деҳаи Оқсой суҳбат шуд ва онҳо розӣ шуданд, ки дигар сохтмони девор идома наёбад.
Ин манбаъ гуфт, дарозии пойдевор ҳудуди 30 метр аст ва бо семент дуруст шудааст. Ӯ афзуд, ки ҳоло аз идомаи сохтани он ҷилавгирӣ шуд ва талош аст, ки аслан дар ин мавзеъ девор сохта нашавад. То ҳол дар ин мавзеъ девор нест ва фақат як канал ду деҳаро ҷудо мекунад.
Рӯзи 28-29-уми апрели имсол баҳси сокинони ду ҷонибд дар марз ба муноқишаи мусаллаҳона печид. Аз ду ҷониб беш аз 50 нафар кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд. Даҳҳо хона аз ду тараф осеб дид.
Мақомоти ду кишвар ҳамдигарро дар оғози муноқиша айбдор карданд.