Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик аз Тошканд бо 22 медал баргаштанд


Паҳлавонони тоҷик аз Қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбо байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон бо 22 медал баргаштанд. Ин мусобиқа рӯзҳои 4-6-уми июн дар шаҳри Тошканд бо иштироки намояндагони 10 кишвар баргузор шуд.

Кумитаи олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ҳайати мунтахаби кишвар 45 нафар ба Тошканд рафта буданд. Ба иттилои манбаъ, дастаи Тоҷикистон соҳиби 22 медал -- 4 тилло, 9 нуқра ва 9 биринҷӣ шуд.

Медалҳои тиллоро барои Тоҷикистон Ҳамроз Раҷабов дар вазни 79 кило миёни калонсолон, Меҳровар Чақалов дар вазни 64 кило, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни 71 кило миёни наврасон ва Бобохон Мирзозода дар вазни 58 кило дар самбои размӣ оварданд.

Медалҳои нуқра насиби Фирдавс Насимов (98 кг) миёни калонсолон, Субҳиддин Халилзода (71 кг), Тӯйчибек Шарифов (79 кг), Озодбек Назарбекзода (88 кг), Бахтовар Бобохонов (98 кг) миёни ҷавонон, Суннатулло Лоиқов (79 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (88 кг), Ҷаҳонгир Ҳайдарзода (98 кг) миёни наврасон ва Табрезшоҳ Парпишоев (79 кг) дар самбои размӣ, шуданд.

Медалҳои биринҷӣ насиби Масъуд Қуқаншоев (-58 кг), Муҳаммадисо Раҷабов (71 кг), Деваштич Убайдӣ (79 кг), Хуршед Маҷидов (+98 кг) миёни калонсолон, Ҷаҳонгир Камолов (64 кг), Давлатҷон Назриев (+98 кг) миёни ҷавонон, Анушер Гулов (58 кг), Иброҳимҷон Элмуродов (98 кг) миёни наврасон ва Сорбон Латифов (64 кг) дар самбои размӣ гардид.

XS
SM
MD
LG