Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Як рӯз биринҷ мегирем, як рӯз равған". Кӣ дар Тоҷикистон ғизои хубу кофӣ дорад? ВИДЕО


Кӣ захираи дусола дорад?

7-уми июн Рӯзи байналмилалии амнияти ғизоӣ аст. Дар Тоҷикистон ин масъала аҳамияти вижа (махсус) дорад, чун мутахассисон мегӯянд, ҳанӯз як бахши ҷомеа ба ғизои хубу кофӣ дастрасӣ надоранд. Мақомот барои ҳалли мушкил пайваста даъват мекунанд, ки барои ду сол ғизо захира кунанд, аммо мардум мепурсанд, ки бо кадом пул.

“Фақат гӯшту равғанро аз бозор мегирем”

Абдунабӣ Абдураззоқов, сокини деҳаи Оли Сомони ноҳияи Рӯдакӣ, ин шабу рӯз барои захираи маҳсулот ҷой омода мекунад. Ӯ деҳқон аст ва пас аз як ҳафта ҳосили гандуму картошкаи киштаашро мегирад. Мегӯяд, ҳарчанд касе дастури захира кардани ғизоро надодаст, ҳамасола дар таҳхонаи манзилаш маҳсулоти солонаи оиларо нигоҳ медорад.

"Гандумро дар зарфи оҳанин захира мекунем. То ду сол меистад. Орд намехарем. Пиёзу картошка, сабзӣ, помидор, бодиринг ва полезиҳои дигарро худамон мекорем. Ба миқдори зарурӣ барои худамон нигоҳ медорем ва зиёдатиашро мефурӯшем. Аз бозор фақат гӯшт ва равған мехарем”, -- нақл кард мусоҳиби мо.

Оилаи Абдунабӣ Абдураззоқов аз 11 нафар иборат аст. Сардори хонавода мегӯяд, захираи маҳсулоти ниёзи аввал онҳоро хотирҷамъ мекунад, ки дар ҳолати камчин шудани маҳсулот дар бозор хавотир нашаванд.

Наворро дар инҷо бинед:

Захираи дусолаи ғизо барои рӯзи мабодо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

“Як рӯз биринҷ мегирем, як рӯз...”

Дар Тоҷикистон на ҳама имкон дорад, ки ба монанди ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои ҳадди ақал 1-2 сол маҳсулоти ғизоӣ захира кунад. Аз ҷумла, Меҳриннисо, ки ба гуфтаи худаш “имрӯз ба пагоҳ” зиндагӣ дорад.

Меҳриннисо Раҳимова 70-сола ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ аст ва дар оилаи ӯ 11 нафар зиндагӣ мекунанд. Як фарзанди Меҳриннисо ҳафтае пеш ба Русия рафта, то ҳол ҷойи кор надорад. Писари дигараш дар Тоҷикистон дарди миён аст ва наметавонад кори вазнин кунад. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, барои таъмини зиндагӣ аз ҳамсояҳо шир харида, ба Душанбе бурда мефурӯшад.

"Ширро мефурӯшам ва як рӯз биринҷ мегирем, як рӯзи дигар равған меорам. Захира надорем. Шукр гушнаву ташна нестем. Ҳаррӯзаашро мехарем. Писарам аз Русия пул фиристад, ангишт харида захира мекунем”, -- гуфт хонум Раҳимова.

Дар рӯзи ҷаҳонии амнияти ғизо зиндагии сокинони Тоҷикистонро метавон дар мисоли оилаи Абдунабӣ Абдураззоқов ва Меҳриннисо Раҳимова шарҳ дод. Гурӯҳе имкони захираи ғизоро доранд, вале як бахши дигар “имрӯз ба пагоҳ” зиндагӣ мекунанд.

Кӣ “сер”-у кӣ “гурусна” аст?

Мақомот мегӯянд, хароҷоти қишрҳои ҷомеа барои ғизо нобаробар аст. Бар асоси таҳқиқи Оҷонси омори Тоҷикистон қишри нодори ҷомеа дар як моҳ барои ҳар узви хонавода 143 сомонӣ харҷ мекунанд, ки 73 дарсадаш барои харидани озуқа аст. Дар ҳоле ки шахсони доро барои ҳар узви оила 541 сомонӣ харҷ мекардаанд, ки фақат 52 дарсадаш барои ғизо аст.

Ба гуфтаи баъзе аз мутахассисон, дар Тоҷикистон амнияти ғизоӣ пурра таъмин нест, чун сокинон ба ғизои кофӣ ва солим дастрасӣ надоранд.

Ғизошиноси тоҷик Ҷаҳон Азонзод мегӯяд, ба мисли баъзе давлатҳо дар Тоҷикистон “гуруснагии ниҳонӣ” аст, ки он норасоии витаминҳо аст. Ба таъкиди мутахассис, ҳар нафар бояд аз даҳ намуд ғизо, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, нонӣ, зироатҳо, донагиҳо истеъмол кунад ва дар сурати нарасидани яке аз инҳо инсон метавонад ба бемориҳое дучор шавад.

“Мо медонем, ки яке аз бемориҳои ниҳоят маъмул камхунӣ аз норасоии оҳан аст. Дар таркиби маҳсулоти гӯштӣ оҳан аст, ки органзими инсонро бо маводи оҳан таъмин мекунад. Амнияти ғизоӣ чиро мегӯянд, агар дар хонае мисол миқдори орд маҳсулоти ғизоӣ камӣ кунад, ин ҳам ба амнияти ғизоӣ дахл дорад”, -- шарҳ дод ӯ.

Аз сӯи дигар, Ҷаҳон Азонзод аз он нигаронӣ мекунад, ки сокинон солҳои охир аз хӯрокҳои арзоне истифода мебаранд, ки хатари гирифтор шудани онҳоро ба бемориҳо зиёд мекунад. Мутахассис барои намуна аз хӯрокҳои сарироҳие ба монанди “пирожки” ном мебарад, ки ба иддаои ӯ “истеъмоли зиёди он метавонад шахсро ба бемории саратон гирифтор кунад”.

Тоҷикистон аз кишварҳои фақири Шӯравии собиқ аст, ки сокинонаш дар ин маҳдуда маошу нафақаи камтарин дарёфт мекунанд. Тибқи омори расмӣ, 30 дарсади сокинон дар кишвар камбизоатанд, вале мақомот мегӯянд, ҳарчанд ба оҳистагӣ, вале шумори камбизоатон дар ҳоли камшавӣ аст.

XS
SM
MD
LG