Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз талошҳо барои коҳиши таниш байни Тоҷикистону Қирғизистон ситоиш кард


Сироҷиддин Муҳриддин ва Энтони Блинкен
Сироҷиддин Муҳриддин ва Энтони Блинкен

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико (котиби давлатӣ), аз кӯшишҳо барои кам кардани таниш миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва идомаи музокирот барои нишонагузории марз ситоиш кардааст.

Вазорати умури хориҷии Амрико иттилоъ дод, ки Энтони Блинкен рӯзи 1-уми июн дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои тоҷикаш, Сироҷиддин Муҳриддин, барои қурбониёни даргириҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи апрел изҳори ҳамдардӣ кард.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод, ки бар асари онҳо аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатии Амрико, дар тамоси телефонӣ Энтони Блинкен гуфтааст, кишвараш ба ҳимоят аз соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлоли Тоҷикистон идома медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, Блинкен дар суҳбат бо Сироҷиддин Муҳриддин, ҳамчунин, аз Тоҷикистон барои пешгомӣ дар масоили амнияти минтақавӣ, пуштибонӣ аз гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон, шарикии давомдор дар самти мубориза бо терроризм сипосгузорӣ кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Амрико дар ин суҳбат ба аҳамияти ҳамгироии минтақавӣ, ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ барои ҳама ишора кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам иттилоъ дод, ки ҷонибҳо дар бораи муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, вазъ дар минтақа ва чораҳо барои пешгирӣ аз бемории коронавируси нав табодули афкор кардаанд.

Амрико дар 29 соли ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, муассисаҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон садҳо миллион доллар кумак кардааст.

Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст.

XS
SM
MD
LG