Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

80 мошини боркаш дар марзи Қирғизистону Қазоқистон дармонданд


Навбати дарози мошинҳои боркаш дар гузаргоҳи Оқтилеки марзи Қазоқистон
Навбати дарози мошинҳои боркаш дар гузаргоҳи Оқтилеки марзи Қазоқистон

Дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон дубора ҷамъшавии мошинҳои боркаш мушоҳида мешавад. Ба иттилои марзбонҳои Қирғизистон, 27 май дар гузаргоҳи марзии ин кишвар бо Қазоқистон - "Оқ-Тилек" 80 мошини боркаш ҷамъ шудааст.

Тавре ронандагони мошинҳои боркаш мегӯянд, онҳо маҷбур ҳастанд, барои убури марзи Қазоқистон чандин шабонарӯз навбат истанд. Дар ҳоле ки натиҷаи озмоиши коронавирус, ки барои убури марз ҳатмӣ аст, барои 72 соат дода мешавад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон навбатпоиҳои тулонии мошинҳои боркашро дар марз бо Қазоқистон ба афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот ва фаъолшавии амалҳои иқтисодӣ рабт медиҳад. Аз Қирғизистон ба Қазоқистон ва кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилу Аврупо асосан маҳсулоти зудвайроншаванда содир мешавад.

Ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон пайваста мушоҳида мешавад. Баъзан дарозии сафи мошинҳои боркаш ба чандин километр мерасад. Дар гузашта сабаби ҷамъшавии мошинҳо дар марзи ду кишварро сахттар шудани санҷиш аз сӯи Қазоқистон мегуфтанд. Вале коршиносон онро "ҷанги тиҷорӣ" миёни ду кишвар меноманд.

XS
SM
MD
LG