Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Русия лағви шаҳрвандии рӯҳонии тоҷикро ғайриқонунӣ донист. ВИДЕО


Саиднуриддин Розиқов, рӯҳонии 60-солаи тоҷик бе санади ҳувият дар Тоҷикистон қарор дорад.
Саиднуриддин Розиқов, рӯҳонии 60-солаи тоҷик бе санади ҳувият дар Тоҷикистон қарор дорад.

Додгоҳе дар Русия эътироф кард, ки шаҳрвандии як рӯҳонии тоҷик, ки ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, ғайриқонунӣ бекор шудааст.

Додгоҳи вилояти Свердлови Русия рӯзи 25-уми май қарори суди шаҳри Режро дар бораи бекор шудани шаҳрвандии Саиднуриддин Розиқов, рӯҳонии 60-солаи тоҷик беэътибор хонд ва ин роҳро барои барқарор кардани мақоми шаҳрвандии ӯ дар Русия ҳамвор хоҳад кард.

Саиднуриддин Розиқов ду моҳ қабл аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва пайвандонаш мегӯянд, ӯ ҳеҷ санади ҳувият надорад.

Ӯро дар Тоҷикистон бо гумони ҳамкорӣ бо созмони мамнуи “Салафия” айбдор намуданд, вале дар як навори видеоӣ Розиқов мегӯяд, пас аз собит шудани бегуноҳияш аз ҷавобгарӣ озод гашт ва талош дорад, ба назди хонаводааш ба Русия баргардад.

Ихроҷи махфӣ ба Тоҷикистон

Людмила Лукашева, адвокати Нуриддин Розиқов рӯзи 25-уми май дар навори видеоие, ки нусхааш ба Радиои Озодӣ дастрас шуд, мегӯяд, рӯзи сешанбе, 25-уми май Додгоҳи вилояти Свердлов қарори суди шаҳри Реж дар бораи бекор шудани шаҳрвандии Саиднуриддин Розиқовро рад кард.

Видеои суҳбати адвокати Саиднуриддин Розиқов.

Шаҳрвандии Сайиднуриддинро дубора дар Русия барқарор мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:25 0:00

Ӯ дар навори видеоӣ пас аз анҷоми мурофиаи додгоҳӣ гуфт, “Саиднуриддин Розиқов 15 сол ба ин тараф дар Русия зиндагӣ мекунад ва шаҳрвандии Русияро дорад.”

“Дар мурофиа вақте судя аз прокурори Реж суол кард, ки ба чӣ далели қонунӣ шаҳрвандии Розиқов бекор карда шуд, посух дода натавонист. Далели прокуратура ва додгоҳи Реж ин будааст, ки вай дар манзиле, ки зиндагӣ доштааст, аз пеши худ сохтмон кардааст. Чӣ магар барои ин сохтмон шаҳрвандии ӯро бекор мекунанд? Додгоҳ пас аз ин суолҳо қарори прокуратураи Режро бекор кард”,--гуфт адвокат.

Дар соли 2018 додситонии шаҳри Реж Розиқовро барои сохтмони девори атрофи манзилаш бар асоси моддаи 7.1-и Кодекси маъмурии Русия, яъне “худсарона ғасб кардани қитъаи замин”аз шаҳрвандии Русия маҳрум кард. Ӯ дар ин муддат, то замони ихроҷаш ба Тоҷикистон баҳси додгоҳӣ дошт.

Людмила Лукашева, адвокати ӯ гуфт: “Албатта аз як тараф баъди бекор карда шудани қарори прокуратураи Реж қаноатманд шудем, вале аз тарафи дигар наздиконаш гуфтанд, ки ӯро ду моҳ пеш мақомоти интизомӣ дуздида ба Тоҷикистон бурдаанд”.

Адвокати Розиқов бурдани ӯро ба Тоҷикистон дуздӣ меномад ва гуфт, ки ба прокуратураи шаҳри Реж барои таҳқиқи ҳодисаи дуздида шудани зерҳимояаш ариза додааст. Ӯ гуфт, дастандаркорони ин ҳодиса бояд ҷавобгар шаванд.​

Нафари бе ҳуҷҷат ва дармонда дар Душанбе

Саиднуриддин Розиқов дар Душанбе дар манзили наздиконаш ба сар мебарад. Ӯ гуфт, ки ӯро “бо шеваи бадтарин мақомоти интизомии Русия аз кучаи ноҳияи Реж дуздида ба Тоҷикистон доданд.”

“Мехоҳам чуноне бидуни ҳеҷ ҳуҷҷат маро оварданд, ҳамчунон маро ба назди фарзандонам ба Русия баргардонанд. Кӯдаки шашсолаам бемор аст, ҳамсарам ба ҳолати вазнин гирифтор шудааст. Ба ман имкони бозгашт намедиҳанд, ҳеҷ ҳуҷҷате дар даст надорам”,--гуфт ӯ.

Саиднуриддин Розиқов рӯзи 26-уми май дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷумъаи гузашта аз сафорати Русия дар Душанбе ба ӯ гуфтанд, ки аризааш барои дарёфти санади “бозгашт ба ватан”дар баррасӣ қарор дорад ва натиҷаашро рӯзҳои наздик мерасонанд.

Ӯ се ҳафта қабл барои дарёфти санади мазкур ба консулгарии Сафорати Русия муроҷиат карда буд.

Як намояндаи Сафорат дар гуфтугӯи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ҳамаҷониба баррасӣ кардани аризаи Розиқов мувофиқи қонунгузориҳои ин кишвар як моҳ зарурат дорад ва сафорат ба шаҳрванд натиҷаи посухашро дастрас хоҳад кард.

Вай бори аввал дар бораи чӣ гуна боздошт ва дуздида шуданаш ба Радиои Озодӣ муфассал нақл кард: “Ба ман нафаре худро намояндаи мақомоти Реж муаррифӣ намуд ва гуфт, як сокини маҳалли зисти мо зидди ман шикоят навиштааст, ки гуё ман девори хонаамро як метр берунтар сохтаам ва бояд омада нишондод диҳам. Вақте ман бо мошини мерафтам, як газел пеши роҳамро гирифту аз даруни он чаҳор нафар фаромаданд ва бидуни пурсиш маро аз даруни мошин берун кашиданд, дастонамро бастанд ва ба сарам халта кашида, ба як бино бурданду то соати 4-и шаб нигоҳ доштанд. Ҳарчанд гуфтам, ки як марди солхӯрда ҳастам ва агар мегуфтед, ки ба куҷо оям ба пои худам меомадам. Онҳо дастони маро бастанд ва баъди соати 6-и субҳ бурданду дар ҳавопаймо шинонданд. Дар Душанбе намояндагони мақомоти амниятӣ маро бурданд ва баъди пурсуҷӯ, чун собит нашуд, ки салафиам, раҳо карданд. Милисаҳои Реж бераҳмона ба ман муносибат карданд.”,--гуфт ӯ.​

Нақши хешутаборӣ?

Маъмулан афроде, ки бо иттиҳоми тундгароӣ аз Русия ихроҷаш мешаванд, дар Тоҷикистон ҷазои сангин мегиранд. Бархе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Розиқов ба Шукурҷон Зуҳуров, раиси собиқи Маҷлиси намояндагон риштаи хешутаборӣ дорад ва маҳз дахолати ӯ сарнавишташро дигар кард.

Розиқов гуфт, аз дахолати Шукурҷон Зуҳуров ба қазияаш хабар надорад. Ӯ мегӯяд, "дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тафтиш карданд, бегуноҳиям тасдиқ шуд ва раҳоям карданд.”

Ҳарчанд дар як наворе ӯ кормандони КДАМ-ро дар даст доштан ба рабуданаш муттаҳам карда буд. Мақомоти амниятӣ то ба ҳол дар бораи иттиҳоми ин рӯҳонӣ ва натиҷаи тафтишот чизе нагуфтаанд.

Саиднуриддин Розиқов зодаи ноҳияи Нуробод, Комсомолободи собиқ, буда, аз соли 1998 ба ин тараф бо фарзандону наберагонаш дар Русия кору зиндагӣ мекард. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар як масҷид имоматӣ мекард, вале манбаи даромадаш аз тиҷорати либос буд. Худи ӯ мегӯяд, аз охири солҳои 90-ум шаҳрванди Русия аст.

XS
SM
MD
LG