Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия рӯҳонии тоҷикро аз шаҳрвандӣ маҳрум ва ба Душанбе ихроҷ кард. Эшони Саиднуриддин дар озодист ё боздошт? ВИДЕО


Пайвандонаш мегӯянд, Саиднуриддин Розиқов 23 сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекард
Пайвандонаш мегӯянд, Саиднуриддин Розиқов 23 сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекард

Мақомоти Русия шаҳрвандии як рӯҳонии тоҷикро бо иттиҳоми "комил набудани ҳуҷҷатҳо" бекор карда, ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Саиднуриддин Розиқови 60-сола, машҳур бо номи Эшони Саиднуридин, то ин вақт дар ноҳияи Режи вилояти Свердлов мезист.

Пайвандонаш гуфтанд, ӯро дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ҷараёни дар кишвар мамнӯи "Салафия" гумонбар медонанд ва эҳтимол боздошт шудааст. Ҳарчанд, ба қавли онҳо, ихроҷи рӯҳонии тоҷик аз Русия ва иттиҳоми зидди ӯ дар Тоҷикистон "беасос аст".

"Аз хона баромаду гум шуд"

Муҳаммад Розиқов, писари Саиднуриддин Розиқов, рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш чаҳор рӯз пеш ва баъд аз даъвати як шахси ношинос барои суҳбат дар Русия нопадид гашта, "зуд дар Тоҷикистон пайдо шуд". Ӯ гуфт: "Ҳамон рӯз як марди ношинос худро корманди ҳукумат муаррифӣ карда, хост, дар бораи девори хона суҳбат кунад. Падарам низ либосашро пӯшида рафт. Пас аз он нопадид шуд."

Ба қавли Муҳаммад Розиқов, чанд рӯз пеш аз нопадидшавӣ Додгоҳи ноҳияи Реж даъвои падарашро барои дубора ба даст овардани шаҳрвандии Русия баррасӣ карда, ӯро ҳақ баровардааст: "Бар асоси ин, ба вай ваъда дода буданд, ки дар тӯли ҳафт рӯз бояд шиносномаашро баргардонанд."

Пайвандонаш мегӯянд, Эшони Саиднуриддин 23 сол дар Русия кору зиндагӣ кардааст, вале мақомоти он кишвар баъди ин қадар сол бо баҳонаи "нокомил будани санадҳо" ӯро аз шаҳрвандӣ маҳрум карданд.

Ба иттилои дарёфтӣ, парвандаи ин рӯҳониро дар Тоҷикистон маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ мекунанд. Ин ниҳод то ҳанӯз дар бораи иттиҳоми ин рӯҳонӣ тафсилоте нашр накардааст. Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ихроҷи ӯро аз Русия тасдиқ кард, вале гуфт, "парвандааш аз ҷониби КДАМ таҳқиқ мешавад".

Пас аз 23 сол санадҳоро "нокомил" гуфтанд

Муҳаммад Розиқов мегӯяд, рӯзи 26-уми март падараш бо ӯ тамос гирифта, гуфтааст, феълан дар озодӣ аст ва "мақомот аз ӯ дар бораи иртибот бо равияҳои мамнуъ ва навори суҳбатҳояш дар масҷид дар Русия пурсидаанд". Ин дар ҳолест, ки Муҳаммад Розиқов иддао дорад, "барои қатъи парванда як миллион рубли русӣ пурсиданд". Иддаое, ки мақомот онро тасдиқ ва ё рад накардаанд.

Инчунин, хабарнигорони Радиои Озодӣ талош карданд, бо худи Эшони Саиднуриддин суҳбат кунанд, вале то ин дам бенатиҷа буд. Маълум нест, ҳамон тавр ки ба писараш гуфтааст, феълан дар озодӣ аст ва ё дар боздошт.

Шарҳи бештарро дар навор бинед:

Рӯҳонии тоҷикро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

"Ба ҳеҷ гуруҳ робита надошт"

Як муҳоҷири тоҷики сокини вилояти Свердлов, ки аз наздик бо Саиднуриддин Розиқов ошноӣ доштааст, гуфт, ӯ аз соли 2015 дар як масҷиди хурд имоматӣ мекард, вале чанде пеш бо далели "фаъолияти ғайриқонунӣ" масҷидро бастанд.

“Ҳоҷӣ Саиднуриддин ба ҷавонон аз инсофу парҳез суҳбат мекард", -- мегӯяд ӯ. Наздикони Эшони Сайиднуриддин мегӯянд, ӯ ба ҳеҷ созмону ҳизб робита надошт ва аз суҳбат дар мавзуъҳои сиёсӣ парҳез мекард. Мақомот ҳанӯз далели худро дар ин маврид нагуфтаанд.

Саиднуриддин Розиқов зодаи ноҳияи Нуробод, Комсомолободи собиқ буда, аз соли 1998 ба ин тараф бо фарзандону наберагонаш дар Русия кору зиндагӣ мекард. Пайвандонаш мегӯянд, манбаи даромадаш аз тиҷорати либос буд, на имоматӣ дар масҷид.

Ихроҷи ду нафар аз Русия дар як ҳафта

Дар як ҳафтаи охир Саиднуриддин Розиқов чеҳраи дувуми шинохта дар миёни муҳоҷирон аст, ки пас аз лағви шаҳрвандӣ аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ мешаванд.

Рӯзи 25-уми март Иззат Амон, ҳомии шинохта дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия, пас аз бекор шудани шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Мақомоти Русия ӯро ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” ва мақомоти Тоҷикистон ба "қаллобӣ" муттаҳам карданд.

Лағв шудани шаҳрвандии фаъолони тоҷик дар Русия ва ихроҷи онҳо ба Тоҷикистон мавҷи вокунишҳоро дар миёни муҳоҷирон ба бор овардааст.

Коршиносон мегӯянд, зоҳиран мақомоти тоҷик аз афроде, ки муҳоҷиронро гирди худ муттаҳид мекунанд, ҳарос доранд ва онҳоро бо баҳонаҳои гуногун ба Тоҷикистон меоранд. Мақомоти тоҷик ангезаҳои сиёсӣ доштани ин боздоштҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG