Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Об нест, гандуму пахтаи киштаамон сӯхт". ВИДЕО


Беобӣ дар Зафаробод

Даҳҳо кишоварзи ноҳияи Зафаробод аз ҳосили имсолаи садҳо гектар кишташон ноумеданд.

Онҳо мегӯянд, масъулони обёрии ноҳия то киштзорашон об оварда натавонистанд ва зироаташон аз беобӣ сӯхт. Масъуон мегӯянд, шабакаи обрасонӣ корношоям шуд ва аз сӯи дигар, имсол низ камобӣ шуд.

Зироат сӯхт

Раҳмонбой Бадалов, саҳмдори хоҷагии деҳқонии “Давронбой” 8 гектар замин дорад ва дар он ҷав ва гандуму сиёҳдона коштааст. Солҳои пеш рӯзии хонадонашро аз ҳамин замин меёфт, вале имсол дар айни шукуфоӣ пажмурдани кишташ ӯро дар ҳайрат гузоштааст.

Ӯ гуфт, ҳоло намедонад, ки таъмини рӯзгори хонаводаашро дар чунин шароит аз куҷо пайдо мекунад. “Аллакай об додан ҳам бефоида аст, чунки тамоман хушк шудааст. Маблағ надорем, ки чоҳи обкаш созем. Маблағдорон чоҳи обкаш месозанд. Мо ҳар сол мекорему боз месӯзем”,--гуфт ӯ.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Нигаронӣ аз киштзорҳои сӯхтаву ташналаби Зафаробод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:14 0:00

Зафаробод, яке аз калонтарин ноҳияи пахтакори вилояти Суғд аст ва солона садҳо тонна “тилои сафед”-ро ба хазинаи давлат месупорад. Чанде аз деҳқонон мегӯянд, имсол пахта низ кишта буданд, аммо то охири баҳор насабзид.

Сироҷиддин Нодиров, сардори Хоҷагии деҳқонии “Шамтуч-2” мегӯяд, “дар 19 гектару 50 сотих замин бо 30 ҳазор сомонӣ қарз ҷаву дигар навъи зироат кошт, вале ҳамааш сӯхт”.

Ду сабаби беобӣ дар Зафаробод

Дар ин ноҳия деҳқононе аз набуди об ранҷ мекашанд, ки дар ҷамоати Равшан ва мавзеъи марзии наздик ба Узбекистон ҷойгир шудаанд. Ба ин ҷӯйбор бояд аз пойгоҳи обкашии Мирзочул 1 ва 2 бояд об ояд. Ин пойгоҳ дар замони шӯравӣ сохта шуда ва ҳоло ба беш аз даҳ ҳазор гектар заминҳои минтақа аз рӯи меъёр бояд об расонад, вале ба гуфтаи масъулонаш, дар чанд соли ахир тақрибан 5 ҳазор гектар замин аз набуди об танқисӣ мекашад ва киштҳояш сабз намешаванд.

Қудратуллоҳ Давлатов, муовини раиси Идораи обёрии ноҳияи Зафаробод гуфт, “пойгоҳҳои обкашӣ бисёр фарсуда шуда, солҳо боз кор намекунанд”.

“Сабаби дуюмаш ин аст, ки имсол камбориш омад ва ҳама зироат обталаб шудаанд. Ба оби канал таваҷҷуҳ зиёд шуд. Ин мушкилӣ аз солҳои пеш вуҷуд дорад. Инро Ҷаноби олӣ (президент Эмомалӣ Раҳмон) низ дарк кардаанд, раиси вилоят ва сарвазир ҳам дар ҷараён ҳастанд. Дар сатҳи ҷумҳурӣ ин масъала баррасӣ шудааст ва Худо хоҳад ҳал мешавад.”,--гуфт ӯ.

Кишоварзон мегӯянд, ҳарчанд солҳо инҷониб киштзорҳояшон обро надидааст, вале ба ҳар ваҷаби киштҳояшон ҳамчун замини обӣ андоз месупоранд. Онҳо талаб доранд, ки то ҳал шудани мушкили об мақомоти андоз бояд аз рӯи заминҳои лалмӣ маблағро ҳисоб намоянд. Бо ин мушкили худ аз мақомоти маҳаллӣ то дастгоҳи президент муроҷиат кардаанд, вале мушкил ҳал нашудааст.

"Чаро бояд пул диҳам?"

Шоҳмурод Шоҳназаров, сардори хоҷагии деҳқонии “Шаҳнур” нақл кард, ки “имсол як маротиба аз идораи об омаданд ва гуфтанд, ки пули оби полезиро диҳед, вале ман гуфтам, чаро пул диҳам, вақте об нест. Обро биёред, чиқадар лозим бошад, пулашро медиҳем”.

Ҳоло дар ин ноҳия хоҷагиҳои деҳқоние сарсабз ба мушоҳида мерасанд, ки худ бо ҳар роҳу восита баҳри наҷоти киштҳояшон об овардаанд. Қадриддин Раҳимов, ҳамроҳи бародаронаш пас аз чанд соли беобӣ маҷбур шуд, як моҳи пеш чоҳи обкаш созад.

“Дар як сол аз 6 то 7 ҳазор сомонӣ андоз месупорем ва қариб маҷбур шудем, ки заминҳоро супорем. Аз як сӯ андоз ва аз сӯи дигар беобӣ. Дар қисмати болои заминҳо ҷуйбор мегузарад ва даҳсолаҳо обро надидаст. Шахсан мо маҷбур шудем, ки аз бонк 250 ҳазор сомонӣ қарз гирем ва чоҳи обкаш созем. Вале ин ҳадди ақал ба ду-се хоҷагии деҳқонӣ ҳам кифоягӣ намекунад.”,--гуфт Қадриддин Раҳимов.

Дар ҳамин ҳол масъулони обёрии ноҳияи Зафаробод, ки чанд ноҳияи атроф низ сарчашмаи оби полезиҳояш аз ҳудуди он аст мегӯянд, лоиҳаи бозсозӣ аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имзо шудааст ва бояд 60 миллион доллар аз сӯи сармоягузорҳо ихтисос дода шавад, то дастгоҳу лӯлаҳои об таъмир шаванд ва беш аз 100 километр ҷӯйбори киштзорҳо тозаву обрав гарданд.

Масъулин шарҳ надоданд, ки дар умум чӣ қадар аз заминиҳои кишт беоб мондаанд.

XS
SM
MD
LG