Мушкили беобӣ дар се деҳаи Панҷакент, ки аз замони Шӯравӣ ҳалношуда мондааст, як чолиши асосии сокинони ин маҳал мебошад.
Се ҳазор аҳолии Некноти нав, Гулистон ва Бӯстон оби ошомиданиро аз фосилаи панҷ километр роҳ аз дарёи Зарафшон ва тавассути мошину хару ароба мекашонанд. Баъзан ба умеди барфу борон мешаванд.
Ба қавли сокинони маҳаллӣ, ҳукумати Шӯравӣ интизории онҳоро барои бунёди лӯлаи об бароварда накард ва феълан амалишавии тарҳ ба таъхир афтодааст.
Онҳо мегӯянд, вақти зиёд бо обкашонӣ мегузарад. Об барои хӯрок, шустушӯи либос ва чорво. Дидани зарфҳои пластикиву оҳанӣ зери боми сокинони се деҳаи маҳрум аз об як саҳнаи маъмулӣ шудааст.
Зуҳро Сафарова, сокини деҳаи Бӯстони Панҷакент, рӯзи 26-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мушкили беобӣ зиндагии онҳоро торафт сангин кардааст. Ба қавли Сафарова, фарзандони онҳо баъди дарс соатҳои дароз обкашонӣ мекунанд.
Ӯ гуфт, “ҳукумати Панҷакент дар гузашта мехост, ки чанд тарҳро амалӣ кунад, вале амалӣ нашуд. Дар гузашта мо ба Марғедар барои об мерафтем. Имсол оби онҷо ҳам хушк шудааст”.
Аксу наворҳое, ки сокинони ин деҳаҳо ба Радиои Озодӣ фиристоданд, баёнгари вазъи ногувори беобӣ ва заҳмати хурду бузургро нишон медиҳад.
Мушкили беобӣ дар се деҳаи Панҷакентро дар ҳукумати маҳаллӣ ҳам эътироф мекунанд. Қурбон Усмонов, раиси идораи обу корези Панҷакент дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси як тарҳи ҳукумат кор дар канали Марғедар ҷараён дорад.
Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир шаш техника машғули кор аст ва ҳар сол ин канал тоза карда мешуд. Вале имсол, дар моҳи январ, ба мардуми деҳот об дода нашуд.
”Бар асоси тарҳи ҳукумати кишвар бо маблағи 5 миллион сомонӣ аз оби Киштут ба ҳамин деҳаҳо об оварда мешуд. Вале ширкате, ки дар музояда ғалаба кард ва лӯлаҳоро хобонид, ба иштибоҳ роҳ дод. Раиси ширкат ба Русия гурехт”, - шарҳ дод ӯ.
Аммо сокинони деҳаҳо мегӯянд, ба гапи мақомот чандон бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, дар давоми даҳсолаҳои охир чанд дафъа чунин ҳарфҳоро шунидаанд, вале амалан мушкили онҳо ҳал намешавад.
Комилҷон Шарифов, сокини деҳаи Гулистон, падари чаҳор фарзанд аст. Ӯ мегӯяд, на танҳо оби ошомиданӣ, балки об барои чорво ва заминҳои кишт низ хеле зарур аст.
“Барои чорвои хонагӣ ва кишту кор ҳам об надорем. Аз кӯлмакҳо ва аз оби барфу борон барои ҳайвонҳо меддиҳем. Боз барои либосшӯӣ об зарур аст. Ҳамаи ин проблема аст. Намешавад, ки хонаро бе об гузошт”, - афзуд ӯ.
Мушкили об танҳо хоси се деҳаи ноҳияи Панҷакент нест. Бино ба таҳқиқоти ЮНИСЕФ – дафтари СММ дар умури кӯдакон, ки чанд соли пеш анҷом шудааст, беш аз 40 дар сади аҳолии Тоҷикистон ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надорад.