Дар маконе, ки ин деҳ бунёд ёфтааст, даҳ соли пеш ҳукумати Фархор ба мардум замин барои хонасозӣ дод. Сокинон бо гирифтани замин хона бунёд кардаанд, вале нуҳ сол аст, бе шабакаи обрасонӣ, роҳи ҳамвору қувваи барқ зиндагӣ мекунанд.
Гузориши видеоиро ин ҷо бинед.
Фарзанди Ширин Эмомзода, як сокини ин деҳаи бе ном ҳафт километр роҳро тай карда ба мактаб меравад.
Ӯ гуфт: “Кӯдаки ман синфи як мехонад, ҳафт километр мактаб меравад. Дирӯз як кӯдакро мошин зад, мурд, ки ҷавоб медиҳад. Назди раиси ҳукумат даҳ бор зиёд шикоят рафтем, чора намебинад.”
Даҳҳо нафар дар ин маҳала хона сохтаанд ва ин ҷо деҳае дуруст шудааст, вале номе надорад.
Мунавара Асоева, сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, “номи деҳа аниқ нест, аммо ҳамин қадар медонам, ки дар заминҳои ҷамоати Гулшан хона бунёд кардаам.”
Набуди шароити зист баъзе сокинонро аз ин маҳал фирорӣ кардааст. Бархеи дигар таҳкурсии хонаҳояшонро бунёд кардаанд, вале интизори обу барқ ва бозсозии роҳ ҳастанд.
Мушкилоти деҳа Қаноат Абудраҳмонови маъюбро, ки аз як пой маҳрум аст, ба хонааш намекашад ва баъзан баъди анҷоми кор шабро дар хонаи наздиконаш мегузаронад.
Ӯ гуфт: “Ин ҷо хона кардаам, аз хонаи кардаам пушаймонам. Бовар кунед, аз соли 2011 ҳар моҳ ба раисони ноҳия муроҷиат мекунам, вале то ҳол ягон беҳбудӣ нашудааст”.
Сафаралӣ Раҷабов, раиси ин маҳалла мегӯяд, чун обу барқ нест, аксари сокинон сохтмони манзили зисташонро ба охир нарасонидаанд.
Дар ин деҳаи беном 40 хонавода зиндагӣ мекунад. Дар замони Шуравӣ дар ин заминҳо гандум кишт мекарданд ва бо новаҳо обёрӣ мешуд. Аммо баъди пошхурии шуравӣ ва дар замони истиқлолият як қисмати ин заминҳоро ба сокинон ҳамчун таҳҷои хона тақсим карданд.
Мақомоти ноҳияи Фархор гуфтанд, ки онҳо талош мекунанд, ки деҳот обод шавад.
Рустам Раҳматзода, раиси Фархор мегӯяд, ҳали мушкили деҳот ба якборагӣ кори осон нест.
Айни деҳаи мазкур садҳо рустои навсохт дар дигар гӯшаву канори Тоҷикистон ҳаст ва торафт зиёдтар мешаванд. Шикояти сокинон ҳам дар ҳолест, ки солҳои 2019 ва 2020-ро ҳукумати Тоҷикистон соли рушди деҳот эълон кардааст. Сокинон мегӯянд, дар гумон аст, бо аҳволе, ки доранд, деҳаашон ба рушд бирасад, чунки чандин бор аст, ҳукумат ваъдаи ҳалли мушкилашонро додаву фаромӯш кардааст.