Дар Қирғизистон лоиҳаи қонуне дар муҳокимаи умум қарор дорад, ки ба сокинони деҳоти наздимарзӣ иҷозаи дар даст гирифтани силоҳ, пас аз омӯзиши махсус, дода мешавад.
Гурӯҳе аз вакилони "Жогорку Кенеш", порлумони Қирғизистон лоиҳаи ворид кардани тағйиру илова ба қонун "Дар бораи ваколатдорони марзӣ"-ро омода кардаанд. Вакилони порлумон бар ин боваранд, ки бояд ба "шаҳрвандони ваколатдор" ҳуқуқу имкониятҳои бештар дода шавад. Ин гурӯҳ шаҳрвандон ба марзбонон барои ҳифзи марз кӯмак мекунанд.
Ба бовари муаллифони лоиҳаи қонун, тағйирот метавонад аз ҳамлаву талошҳо бар зидди тамомияти марзӣ ва истиқлолияти Қирғизистон пешгирӣ намуда, дар таъмини амнияти марз мусоидат кунад.
Ба кӣ иҷозаи доштани силоҳ дода мешавад?
Қонун “Дар бораи ваколатдорони марзӣ” аз соли 2015 амал мекунад ва он бо ҳадафи ҳифзи тамомияти давлатӣ бо роҳи ҷалби сокинони минтақаҳои наздимарзӣ қабул шудааст. Ба ин гурӯҳи сокинон ҳам мақоми “ваколатдорони марз” дода шудааст.
Онҳо ба Хадамоти марзбонӣ дар расонидани хабарҳо аз марз кумак мерасонанд. Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 140 ваколатдорони марзӣ фаъоланд. Дар 5 соли ахир нафаре аз ин гурӯҳ захмӣ ва ё кушта нашудааст.
Абдулваҳҳоб Нурбоев, яке аз муаллифони қонун дар "Жогорку Кенеш" ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, тағйирот ба қонун имкониятҳои ваколатдорони марзиро бештар хоҳад кард.
“Дар давоми як сол онҳо бояд на камтар аз ду маротиба давраи махсуси омӯзишӣ ва омодагии ҳарбӣ гузаранд. Ҳамчунин ба онҳо иҷоза дода мешавад, ки аз силоҳи оташфишон истифода баранд. Ба онҳо кафолати таъмини амният ва кӯмакҳои тиббӣ ҳам дода шудааст. Пас аз муноқишаи марзӣ дар Бодканд, охири моҳи апрел мо ба таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи ихтиёриён дар марз шурӯъ кардем. Баъдан дар машварат бо марзбонҳо ва низомиён ба ин хулоса омадем, ки ба ин шаҳрвандон ҳуқуқу имконияти бештар дода шавад. Мо шаҳрвандони ваколатдор дорем, ки ба марзбонҳо кӯмак мерасонанд. Мо ба онҳо имконият додем, ки дар як сол на камтар аз ду маротиба таълим ва омодагии ҳарбӣ бигиранд. Онҳо минтақаи худро хуб медонанд. Дар ҳодисаҳои ахир сарбозони бегуноҳ ба ҳалокат расиданд, сарбозоне, ки аз махсусиятҳои минтақа ва аҳолии он огоҳ набуданд.”,--гуфт ӯ.
Муаллифони лоиҳаи нави қонун ба он таъкид мекунанд, ки тарҳи мазкур на ба ҳама сокинони минтақаҳои наздимарзӣ иҷозаи доштани силоҳро медиҳад. Силоҳ танҳо дар ҳолати зарурӣ, зимни муноқишаҳои мусаллаҳона махсус ба онҳое дода мешавад, ки ваколатдори марз интихоб шудаанд. Ба гуфтаи Абдулваҳҳоб Нурбоев, вакили порлумон силоҳҳо дар қисмҳои ҳарбӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Ӯ гуфт: “Ваколатдорони марз аз миёни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ интихоб мешаванд. Онҳоро ҳамаҷониба тафтиш мекунанд ва аз санҷиш мегузаранд. Дар ҳолати рух додани низоъ дар марз ва ё задухурди мусаллаҳона онҳоро даъват мекунанд ва агар зарурат пеш ояд, ба дасташон силоҳ медиҳанд. Хадамоти марзбонӣ ба ин гурӯҳи сокинон соле ду бор машқу тамрин мекунад.”
Тарҳи қонуне, ки ба ваколатдорон дар марз ҳуқуқу кафолатҳои иловагӣ медиҳад, дар ҷомеа мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин иқдом ҷонибдорӣ мекунанд, аммо гурӯҳи дигар ба паёмадҳои эҳтимолии қонун таъкид менамоянд.
Андешаи низоъшинос
Ҳамасола дар вилояти Бодканд, ки бо Узбекистон ва Тоҷикистон ҳаммарз аст, бар сари қитъаҳои номуайяни марзӣ муноқишаву низоъ сар мезанад. Маъмулан баҳсҳо сари обу чарогоҳҳо бо сангпартоӣ анҷом меёбад, аммо ин бор ҷонибҳо ба сӯйи ҳамдигар тирандозӣ карданд. Даҳҳо нафар дар ин муноқиша кушта шуд. Ҷониби Қирғизистон аз фавти 36 нафар хабар дод ва ба иттилои расмӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар ин муноқиша 19 нафар кушта шуданд.
Дар ҷомеа афроде низ ҳастанд, ки ҳарос доранд, бо тақсими силоҳ ба сокинони назди марзӣ вазъ беҳтар нахоҳад шуд.
Сарвар Турдибоев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳамчун сулҳхоҳ шинохта мешавад, дар деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлак зиндагӣ мекунад.
Дар муноқишаи ахири марзӣ ӯ хонаводаашро ба ҷойи амн фиристод ва худаш бо дигар ҳамдеҳагон ба деҳа баргашт, то хонаҳоро аз ғоратгарон ҳифз кунанд. Ӯ мӯътақид аст, ки додани силоҳ ба аҳолии наздимарзӣ оқибати бад дорад.
“Он рӯзҳо бо чанде аз ҳамдеҳагон барои муҳофизат дар деҳа мондем. Ман хашмгин будам ва фикре дар сарам буд, ки “агар силоҳ медоштам, ҳар касе вориди хонаам шавад, мепарронам”. Бо нигаронӣ аз он рӯзҳо ёд меорам, ки агар воқеан ман силоҳ медоштам, чӣ мешуд? Ба ҳамин хотир, ҳамчун нафаре, ки ин чизҳоро аз сар гузаронидааст, мегӯям, ки додани силоҳ ба аҳолии наздимарзӣ оқибати бад дорад”,--гуфт ӯ.
Низоъшинос Ҳайталӣ Айқинов, ки ба таҳқиқи сабабҳои муноқишаҳои марзӣ дар вилояти Бодканд машғул аст, дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, вақте ҳеҷ роҳи дигари фирор аз низоъ вуҷуд надорад, ҳуқуқу салоҳиятҳои ваколатдорони умури марз васеътар шавад ва бояд онҳо бо силоҳ таъмин шаванд, то ки шумори маргу мир коҳиш ёбад.
“Ҳама муноқишаҳои марзӣ дар 20-соли ахир дар марз бар сари замин ва об аст. Муноқишае, ки бо сангпартоӣ оғоз мешавад, бо тирпарронӣ ва истифодаи гулуландоз анҷом меёбад. Ба ҳамин хотир, бо ҳадафи мудофиавӣ ҳуқуқи ваколатдорон дар умури марзро бояд бештар кард. Онҳо на танҳо ба марзбонон хабар медиҳанд, балки дар муҳофизати марз кумак мекунанд. Аз миёни аҳолӣ афроди огоҳ аз омодагиҳои ҳарбиро бояд омӯзиш дода, омода кард, то замони зарурӣ ба кор оянд. Онҳо маҳалро хуб медонанд. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ чунин шакли кор вуҷуд дорад, ки аҳолии наздимарзиро ба ҳифзи марз ҷалб мекунанд”,--гуфт Айқинов.
Ваколатдорони марзӣ махсус интихоб мешаванд
Вақте гурӯҳи мусаллаҳе соли 1999-2000-ум вориди вилояти Бодканд шуданд, аз ҳузури онҳо ба низомиёни сокинони одии деҳаи Зардолу хабар доданд. Ҳалокати шумори зиёд сарбозони камтаҷриба, ки минтақаро хуб намедонистанд, мақомотро водор кард, ки ба шикорчиёни маҳалӣ, ки минтақаро хуб медонанд, силоҳ диҳанд.
Асилбек Молдобаев, коршиноси ҳарбӣ ва ширкатдори ҳодисаҳо дар Бодканд бар ин назар аст, ки додани силоҳ ба афроди ёрирасон ба марзбонон теъдоди қурбониёнро кам мекунад. “Тағйир дар лоиҳаи қонун – ин талаби замон аст. Ваколатдорони марзӣ марзбононро барои идораи марз кумак мекунанд ва сарҳадро ҳифз мекунанд, ки чунин низом аз замони шӯравӣ вуҷуд дошт. Дар дигар кишварҳо чунин таҷриба ҳаст. Бовар дорам, ки агар ваколатдорони марзиро аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ интихоб кунанду омӯзиш диҳанд ва ҳаққи истифодаи силоҳ диҳанд, сарфу харҷ ва марг дар марз коҳиш меёбад. Чун ки онҳо минтақа ва ҳар роҳи харгушгузарро медонанд. Онҳо аз хулқу атвори мардуми кишвари ҳамсоя огоҳанд ва медонанд, ки бо онҳо чӣ гуна мулоқот кунанд. Ин натиҷаи хуб медиҳад”,--гуфт ӯ.
Рӯзи 5-уми май Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон зимни имзои конститутсияи нави ин кишвар гуфт, ки "мо шоҳиди ҳодисаҳое ҳастем, ки ба якпорчагии мо таҳдид мекунанд" ва аз оғози ислоҳоти артиш хабар дод.
Яке аз ин ҳадафи тағйирот ташкили ихтиёриён дар марз аст.
Дар муноқишаи рӯзҳои 28 то 1-уми май дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.