Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти муштариҳо аз боло будани нархи билетҳои "Сомон-Эйр"


Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"
Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"

Дар ҳоле, ки Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ширкатҳои русии ҳавоиро ба поён бурдани нархи парвозҳо водор мекунад, корбарони Радиои Озодӣ аз гаронии нархи билетҳои ширкати "Сомон-эйр" шикоят доранд. Мусоҳибони Озодӣ аз шаҳри Панҷакент бо ирсоли навор гуфтанд, ки ширкати "Сомон-эйр" барои сафар ба Русия нархи билетҳоро аз 10 ҳазор сомонӣ ба боло пешниҳод дорад. Ба қавли онҳо, то 7-уми июн ҳамаи билетҳои ширкат ба ин хатсайр фурӯхта шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки нархи расмии билети парвози мунтазам ба Русия беш аз 4 ҳазор сомонӣ ва парвозҳои чартерӣ на бештар аз 8,5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Парвозҳои мунтазамро "Сомон-Эйр"ва "UTair" анҷом медиҳанд. Ҳафтаи гузашта Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон бо сабаби гарон фурӯхтани билетҳо парвози ду ширкати русии "Северный ветер" ва "Сибир"-ро манъ кард ва бо ин боиси саргардонии садҳо мусофирон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон шуд.

XS
SM
MD
LG