Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки бори чаҳорум доир хоҳад шуд, рӯзи шанбе, 15-уми май, оғоз меёбад. Мисли соли гузашта дар мавсими нав даҳ даста барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад.
Дар мусобиқаи имсола ҳафт даста аз вилояти Хатлон намояндагӣ мекунад: «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Нушофарин» (Бохтар). Ду даста - «Суғд» ва «Конибодом» - аз вилояти Суғд ва як даста - «Зебонисо» - аз шаҳри Душанбе мебошанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои занона дар ду давра сурат мегирад ва ҳар даста 18 бозӣ анҷом медиҳад.
Тибқи қуръакашии лигаи футболи занонаи Тоҷикистон, ки дар қароргоҳи ФФТ баргузор шуд, дар даври аввали мусобиқа 15-уми май панҷ бозӣ миёни дастаҳои «Зебонисо – «Бешкент», «Суғд» – «Равшан», «Зебо» – «Нушофарин», «Ҳосилот» – «Хатлон» ва «Конибодом» – «Чашма» доир мегардад.
Ёдовар мешавем, соли 2018 дар мусобиқаи аввалини қаҳрамонии Тоҷикистон миёни занон шаш даста ширкат дошт. Мусобиқа бо пирӯзии дастаи “Зебонисо”-и Душанбе ба анҷом расид. Дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар бо медаҳои нуқра ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Соли 2019 дар мусобиқаи мазкур даҳ даста ширкат дошт. Дастаи «Хатлон»-и Бохтар, ки дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намуд, бо ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Дастаи “Зебонисо”-и Душанбе, ки ҷойи дувумро гирифт, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ба дастаи “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ, ки ҷойи севумро азони худ кард, медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.
Соли гузашта мусобиқа бо иштироки даҳ даста сурат гирифт. Дастаи “Зебонисо”-и Душанбе ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии кишвар гардид. Ба дастаи «Хатлон»-и Бохтар, ки мақоми дувумро гирифт, медалҳои нуқра супурда шуд. Дастаи «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ, ки мақоми севумро азони худ кард, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид.
Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон-2021
Даври 1-ум
15-уми май (шанбе)
«Зебонисо» – «Бешкент»
«Суғд» – «Равшан»
«Зебо» – «Нушофарин»
«Ҳосилот» – «Хатлон»
«Конибодом» – «Чашма»