Раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз тақрибан ду ҳафтаи ҷанҷоли хунин дар марз бо Қирғизистон ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми май дар паёме бахшида ба Иди Фитр гуфт: "Ба оилаҳое, ки наздикону пайвандони онҳо дар натиҷаи муноқишаву задухӯрди чанд рӯз пеш дар сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфара рухдода ба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқ баён карда, ба ҳамаи онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабам." Ӯ ба шахсони захмӣ ва осебдида шифои комил хостааст.
Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон танҳо 6-уми май тасдиқ карданд, ки дар ҷанҷоли марзӣ 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шудаанд.
Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд. Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, ба хотири қурбониёни муноқишаи ахир дар марз рӯзҳои 1 ва 2-юми майро мотами миллӣ эълон карда буд.
Дар тақрибан ду ҳафтаи охир намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷа чанд дафъа раиси ҷумҳурро барои изҳори ҳамдардӣ накардан ба оилаи қурбониён танқид карданд.
Намояндагони ҳукумат гуфтанд, ки барои ибрози ҳамдардӣ ба хонаводаи қурбониён рафта буданд ва бо дастури раиси ҷумҳурӣ ба ҳар як хонаводаи кушташудаҳо ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ (беш аз 6 ҳазор доллар) доданд.
Рӯйхати расмии онҳое, ки дар ин муноқишаҳо ҷон бохтанд:
- Бахтовар Маҳмудов, сокини ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара;
- Собир Ваҳҳобов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Манучеҳр Қаландаров, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Ҳакимбой Ниёзов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Нусратулло Набиев, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Ҳасанхон Шаропов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Далер Эшонов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Иброҳим Ҳошимзода, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Ҳикматуллоҳ Маҳкамов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Меҳрафрӯз Болтаев, сокини ҷамоати Ворух;
- Нозим Каримов, сокини шаҳри Конибодом;
- Умедҷон Юсупов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
- Ҷасур Сиярқулов, сокини ноҳияи Деваштич;
- Ҳасан Акбаров, сокини ноҳияи Фархор;
- Аслиддин Абдузамонов, сокини ноҳияи Нуробод;
- Абдулло Саидов, сокини ноҳияи Нуробод;
- Некрӯз Ғафурзода, сокини шаҳри Турсунзода;
- Салоҳиддин Гадоев, сокини ноҳияи Ховалинг;
- Маҳмадулло Раҷабзода, сокини ноҳияи Муъминобод.
Душанбеву Бишкек якдигарро барои оғози даргирии мусаллаҳона айбдор карда, барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона кушодаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.