Шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Радиои Озодӣ дар бораи он нақл карданд, ки дар пасманзари муноқишаи марзӣ чӣ гуна зери фишор ва тамаъҷӯӣ аз сӯи шахсони ҷудогона қарор гирифтанд. Намояндаҳои ҷамъияти тоҷикон мегӯянд, вазъият ором аст. Дар сафорати Тоҷикистон дар Бишкек гуфтанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро бовар кунондаанд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя мекунанд.
Шикояту изҳорот
Дар рӯзҳои охир дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ ва хабарҳое пайдо шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Русия ба фурудгоҳи Уш (Ош) омадаанд, шахсони ношинос латукӯбу ғорат мекунанд.
То ҳанӯз бо ягон ҷанҷол дучор нашудем, зеро тақрибан аз хона намебароем. Аммо худро бехатар ҳис намекунем.Самир, донишҷӯ
Радиои Озодӣ натавонист, ҳақиқати ин матлабҳои паҳншударо тасдиқ кунад. Раиси ҷамъияти тоҷикон "Дӯстӣ" дар Уш, Холиқназар Алиназар, дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъ дар шаҳр ором асту рӯзҳои охир дар интернет хабарҳои бардурӯғ мепартоянд.
"Ниҳодҳои амниятӣ бо мо доим дар тамосанд, занг мезананд ва вазъро мепурсанд. Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Русия тариқи транзит меоянд, тибқи иттилои мо, бо мошинҳо то марзи Узбекистон ҳамроҳӣ мекунанд", -- гуфт Алиназар.
Аммо, ба гуфтаи Нуриддин Илёс, як донишҷӯйи тоҷики муҳассили Донишгоҳи давлатии Уш, вай ҳангоми гузаштан аз сарҳади Қирғизистону Узбекистон (гузаргоҳи Дустлик) дар рӯзи 30-юми апрел мавриди тамаъҷӯӣ қарор гирифтааст.
"Дар марз гурӯҳе бо либоси варзишӣ буданд ва аз куҷо омадани моро пурсиданд. Бо намоиш додани наворҳои сарбозони ҳалокшуда мепурсиданд, ки оё мо ба ҷанг меравем? Онҳо аз мо пул талаб карданд. Касе муқобилият кард, заданд. Зарур шуд, ҳам ба онҳо ва ҳам ба шахсоне, ки бо либоси пулис буданд, пул бидиҳем. Ба онҳое, ки аз Русия тавассути фурудгоҳи Уш ба марз омада буданд, дағалии бештар мекарданд", -- нақл кард ӯ.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони тоҷик видеоҳоеро нашр мекунанд, ки дар онҳо дар бораи тамаъҷӯиҳо дар фурудгоҳи Уш гузориш медиҳанд ва аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш мекунанд, ки тавассути транзит ба василаи қаламрави Қирғизистон парвоз накунанд.
Тоҷирони тоҷике, ки аз бозори "Дордой"-и Бишкек ба Душанбе молу коло меоваранд, мегӯянд, вазъи онҳо низ бадтар мешавад. Шӯҳрат (ном иваз шудааст), як соҳибкор аз Душанбе, рӯзи 28-юми апрел, қабл аз даргириҳои мусаллаҳона дар марз, ба Бишкек барои хариди мол рафта буд.
"Рӯзи 30-юми апрел, ҳангоми телефонӣ гап задан бо забони тоҷикӣ, кормандони милиса дар бозор маро боздошт карданд. Ду нафар бо либоси пулис ва дигаре либоси мулкӣ доштанд. Онҳо ба таҳдид ва ҷустуҷӯи ман оғоз карданд. Дар ҷайбам 2700 сом доштам, онро гирифтанд ва амр доданд, ки аз чашм дур шавем”, -- мегӯяд Шӯҳрат.
Ӯ афзуд, муроҷиат кардан ба пулис дар ин вазъ метавонад мушкилоти бештаре ба бор биорад. Ҳоло ӯ мунтазири наздиктарин парвоз ба Душанбе мебошад.
Шаҳрвандон аз сафорат розӣ нестанд
Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо иттилои марбут ба вазъи шаҳрвандони Тоҷикистонро пайгирӣ карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон мерасонанд. "Мо итминон дорем, вазъ зери назорат аст ва шаҳрвандон муҳофизат хоҳанд шуд", -- гуфтанд масъулони сафорат.
Ҳамзамон, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон менависанд, дар фурудгоҳ банд монданд ва наметавонанд ба намояндагони сафорат тамос бигиранд.
Донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд, метарсанд, ки вазъ дар сарҳад метавонад, ба будубоши онҳо дар ин кишвар таъсир гузорад.
Самир, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия дар Бишкек, гуфт, пас аз вазъ дар марз онҳо кӯшиш мекунанд, аз хонаҳои худ берун набароянд: "Мо то ҳанӯз бо ягон ҷанҷол дучор нашудаем, зеро тақрибан аз хона намебароем. Аммо худро бехатар ҳис намекунем. Хабарҳо аз маҳалли даргириҳо хеле манфӣ аст ва ин метавонад ба муносибати мардум ба мо ба унвони шаҳрвандони Тоҷикистон таъсир расонад."
Тоҷикони бумӣ, ки дар минтақаҳои Уш ва Бодканди Қирғизистон зиндагӣ мекунанд, дар як суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки равобити байни миллатҳо дар минтақаҳои онҳо ором аст, аммо бо ишора ба ҳассосияти вазъ нахостанд аз онҳо ном бибарем.
Тибқи маълумоти расмии ду кишвар, дар қаламрави Қирғизистон тақрибан 60 ҳазор тоҷикони бумӣ ва дар қаламрави Тоҷикистон 96,3 ҳазор қирғизҳои бумӣ зиндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, дар ду рӯзи даргириҳо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон, 28 ва 29-уми апрел, даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд. Рӯзи 1-уми май ҷонибҳо дар бораи оташбаси комил ва берун кашидани нерӯҳо ба ҷойҳои доимии будубоши худ ба мувофиқа расиданд.