Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоев, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон, рӯзи 29-уми апрел дар робита ба вазъ дар сарҳад гуфтугӯ кардаанд.
Дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, мулоқот "бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон баргузор гардид".
Ба иттилои манбаъ, "ҷонибҳо зарурати ҳал кардани қазияи мазкурро бо роҳи дипломатӣ - сиёсӣ зикр намуданд. Инчунин, бо супориши раҳбарияти Тоҷикистон низоми оташбас аз ҷониби Тоҷикистон пурра риоя гардида истодааст ва дар наздиктари фурсат дар шаҳри Исфара музокироти байни мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад".
Дар баёнияи матбуотии Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон гуфта мешавад, дар пайи якчанд гуфтугӯи вазирони корҳои хориҷаи ду кишвар "дар бораи оташбаси комил аз соати 20:00 ва боз гардониданри нерӯҳои низомӣ ба ҷойҳои пешинаи онҳо мувофиқа ҳосил шудааст". Аммо Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон оташбасро тасдиқ карда, дар бораи созише дар мавриди боз гардонидани нерӯҳо ба ҷойи қаблиашон чизе нагуфтааст.