Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: Тоҷикистон ба марз бо Қирғизистон нерӯҳои иловагӣ нафиристодааст


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфт, ки ба Исфара, минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон ва маҳалли муноқишаи ду рӯзи охир, нерӯҳои иловагӣ нафиристодаанд.

Манбаъ рӯзи 29-уми апрел гуфт, "дар худи Исфара нерӯҳои кофии Вазорати мудофиа ҳастанд ва дар сурати сар задани нооромӣ ба марз фиристода мешаванд."

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад, “қоидаи дохилӣ чунин аст, ки дар сурати ҳамла ба марзбонон нерӯҳои Вазорати дифоъ уҳдадоранд, ба кумаки онҳо раванд.

"Марзбонон силоҳи вазнин надоранд ва вазифаашон назорати марз аст, на ҷанг. Онҳо метавонанд, то чанд нафар қочоқчиро дастгир кунанд, вале дар сурате ки нерӯҳои зиёд ба онҳо ҳамла мекунанд, нерӯҳои Вазорати мудофиа уҳдадоранд, ба кумаки онҳо бишитобанд. Танку тӯп ва силоҳҳои вазнинро танҳо нерӯҳои Вазорати мудофиа доранд. Имрӯз ҳам ба нерӯҳои марзбонии мо ҳамла шуд ва дар чунин ҳол нерӯҳои Вазорати мудофиа бояд ба ёрии марзбонон раванд", -- афзуд манбаъ.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард.
Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.
Аз ду тараф захмиён ҳастанд. Пизишкон гуфтанд, баъзе аз онҳо аз тири силоҳи оташфишон маҷруҳ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти яке аз захмиён хабар дод.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд.
Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар байни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.
XS
SM
MD
LG